Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ду ҳодисаи нақлиётии марговар дар як рӯз

Рӯзи 11-уми майи соли 2021, тахминан соати 12:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Чанху», Назаров Илҳом Иброҳимович, соли таваллудаш 1986, сокини ҷамоати деҳоти Бурунови шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти ноҳияи Файзобод дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Абдулвосиеви шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи Ҳусейнов Ҳасанҷон Абдуллоевич, соли таваллудаш 1977, сокини ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод, бархӯрда ва сипас ба автомашинаи тамғаи “ГАЗ-279913”, ки ба Раҳимов Собирҷон Мирзораҷабович, соли таваллудаш 1978, сокини шаҳри Ваҳдат тааллуқ дорад ва дар канори роҳ беҳаракат меистод, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, автомашинаи тамғаи “ГАЗ-279913” ба ҳаракат даромада, пиёдагард Ғиёсов Усмон Алиевич, соли таваллудаш 1957, сокини шаҳри Ваҳдатро, ки дар назди истгоҳ қарор дошт, пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Ғиёсов У.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, санаи 11-уми майи соли 2021, тахминан соатҳои 14:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Ҳомидов Мансур Эмомназарович, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ҷайҳун ба самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Калинини ноҳияи мазкур, дар шоҳроҳи «Душанбе-Панҷи поён» ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», таҳти идораи ронанда Муъминов Раҳмиддин Абдуллоевич, соли таваллудаш 1987, сокини ҷамоати деҳоти Меҳвари ноҳияи Панҷ, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс» Муъминов Р.А. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида ва ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-астра», Ҳомидов М.Э. бо хурдсол Ҳомидов Муҳаммадҷон Мансурович, соли таваллудаш 2019, сокини ҷамоати деҳоти Калинини ҳамин ноҳия ба саломатиашон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика