Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машқи муштарак дар «Бозори масолеҳи сохтмонӣ»-и шаҳри Ҳисор

1282

Бо мақсади пурзӯр намудани вазъи бехатарӣ аз сӯхтор ва тақвият бахшидан ба ҳолати омодабошии хадамоту мақомотҳои ҳамоҳангсозӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Бозори масолеҳи сохтмонӣ»-и шаҳри Ҳисор, ки масоҳати он зиёда аз 16 гектар буда, дар он 107 нафар тоҷирону савдогарон дар 117 нуқтаҳои савдо фаъолият менамоянд, бо супориши роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи нақшаи аз ҷониби Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД омода карда шуда, бо ҷалби маъмурияту дружинаи идоравии оташнишонии бозор, қувваву воситаҳои муайяни Хадамоти давлатии оташншонии шаҳри Ҳисор, инчунин қисми махсуси минтақавии Сарраёсат, кормандони милитсия ва хадамоту мақомотҳои дахлдори ҳамоҳангсозӣ бо иштироки роҳбарияти Сарраёсат машқи тактикӣ-оташнишонии доир карда шуд.
Мувофиқи сенария гӯё растаи чӯбу тахтаҳоро дар масоҳати 210 метри мураббаъ оташ фаро гирифтаасту дружинаи идоравии оташнишонии бозор бо сарварии директори он Фатҳуддин Қараев ба пешгирии роҳҳои паҳншавии сӯхтор ва наҷоти осебдидагон шуруъ намудаанд. Қуваву воситаҳои Хадамоти давлатии оташншонӣ ва ниҳодҳои ҳамоҳангсозӣ ҳам ба зуддӣ ба маҳали ҳодиса ҳозир гардида, таҳти роҳбарии мутахассисони Сарраёсат дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврии дастаҷамъона ба ҷароҳатбардоштагон ёрии аввалини тиббӣ расонида, дар як вақт роҳҳои паҳншавии сӯхторро дар ҳама самтҳо пешгирӣ карда, дар кутоҳтарин фурсат ҳодисаи сӯхторро пурра бартараф намуданд, ки он аз сатҳи баланди ҳолати омодабошӣ ва маҳорату малакаи касбии иштирокчиёни машқи тактикӣ-оташнишонӣ далолат медиҳад.
Ҳамин гуна машқи муштарак дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Бозори Балх»-и ноҳияи Рӯдакӣ низ ташкил ва гузаронида шуд.
Зимни чорабинӣ кормандони Хадамоти давлатии оташншонӣ ва ниҳодҳои ҳамоҳангсозӣ вазифаҳои дар наздашон гузошта шударо бо як маҳорати баланди касбӣ иҷро намуда, ҳодисаи шартиро дар як муддати кутоҳ рафъ намуданд.

1283

Дар анҷоми машқҳои муштарки тактикӣ-оташнишонӣ ба иштирокчиёни фаъоли он аз ҷониби намояндагони Сарраёсат ва маъмурияти иншоотҳо Ифтихорнома тақдим карда шуд. Ҳамчунин сарварони бозорҳои номбурда, ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ барои ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои муҳими зиддисӯхторӣ изҳори минатдории самимӣ намуданд.

Кароматулло Абдуллоев, СХДО ВКД ҶТ




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика