Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чораҳои таъмини бехатарӣ аз сӯхтор дар лагерҳои истироҳатии бачагона ҳангоми таътили тобистона

Таътили тобистонаи бачагон низ фаро расида истодааст. Барои бофароғат гузаштани таътили онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ ва Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД чораю тадбирҳои мушаххас сари вақт андешида шудаанд.
Агар бештари мактаббачагон рӯзҳои таътилашонро дар муҳити оила дар ҳалқаи хешу ақрабон ва пайвандонашон гузаронанд, қисми дигари онҳо бошад, таътилро дар фароғатгоҳҳову лагерҳои тобистона гузаронида, баъд аз истироҳат бо як нерӯю қувваи тоза боз ба мактаб бар мегарданд.
Барои он, ки ин фасли зебо ба бачаҳо таасуроти хушу нек боқӣ гузорад, бояд масъулону мутассадиёни иншоотҳои мазкур назоратро аз болои бачаҳо дучанд намуда, қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва бехатарӣ аз сӯхторро қатъиян риоя намоянд.
Бо ҳамин мақсад бо супориши роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ кормандони назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор дар ҳамкорӣ бо кормандони милитсия ва маорифу иттифоқи касаба баҳри пешгирӣ намудани ҳодисаҳои номатлуб дар иншооти зикргардида, корҳои профилактикӣ-оташнишонӣ ва омӯзишӣ-фаҳмондадиҳиро дар истироҳатгоҳҳову лагерҳои беруназшаҳрӣ дар сатҳи баланд ба роҳ мондаанд.
Бино ба таҳлили мутахассисон яке аз сабабҳои сар задани ҳодисаҳои сӯхтор ин оташбозии кӯдакон буда, ҳамасола аз 100 фисади сӯхторҳои ба вуқӯъ омада, 25%-и он аз оташбозию гугирдбозии кӯдакон рух медиҳанд.
Аз ҳамин лиҳоз, эмин нигоҳ доштани фароғатгоҳу истироҳатгоҳҳо, хусусан дар вақти таътили тобистона яке аз масъалаҳои асосӣ ба шумор меравад.
Баҳри пешгирӣ намудани чунин ҳодисаҳои ногувор чӣ бояд кард?
Нахуст, ҳар як корманди муассисае, ки дар ихтиёраш кӯдакон ҳастанд, вазифадор аст қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро донад ва қатъиян риоя намояд. Дигар, ҳангоми сар задани сӯхтор ҳамаи чорабиниҳо, ки барои наҷот додани одамон ва хомӯш кардани сӯхтор ба ӯ вобастааст, иҷро намояд.
Дар муассисаҳое, ки кӯдакон шабонарӯз сокин мебошанд, навбатдории шабонарӯзӣ ташкил кардан ҳатмӣ аст. Навбатдор бояд чароғи барқии дастӣ дошта бошад ва дар ҳолати зарурӣ аз он исифода бурда тавонад. Сари ҳар чанд вақт дониш ва вазифаи навбатчиёнро санҷидан зарур аст.
Биноҳҳо бояд бо олоту асбобҳои сӯхторхомӯшкунӣ, воситаҳои автоматикии аз сӯхтор воқифкунанда ва алоқа таъмин бошанду онҳо доимо дар ҳолати коршоям нигоҳ дошта шаванд. Ба шахсони навкор дар бораи риояи чорабиниҳои бехатарӣ аз сӯхтор, даъват намудани гурӯҳи оташнишонҳо дастур додан лозим аст. Онҳо инчунин бояд воситаҳои сӯхторхомӯшкуниро истифода бурда тавонанд.
Гирду атрофи муассиса, роҳҳо ва гузаргоҳҳоро банд кардан мумкин нест. Муассисаҳои истироҳатӣ бояд бо об таъмин бошанд. Агар қубури обии зиддисӯхтор набошад, ҳавзҳои табиӣ ё обанборҳои сунъии ҳаҷмашон накамтар аз 50 метри куббӣ сохтан лозим аст.
Фосилаи байни катҳои хобгоҳҳои истироҳатӣ бояд камаш 0,8 м, барои гузаргоҳи марказӣ камаш 1,2м бошад. Лавозимот бояд роҳрав ва гузаргоҳҳоро банд накунонанд.
Дарҳои баромадгоҳҳои эҳтиётӣ бояд озод ва осон кушода шаванд, чунин роҳҳоро мехзада, маҳкам кардан қатъиян манъ аст.
Калидҳои хонаҳои муҳим бояд дар ҷойҳои муайян, ки ҳангоми зарурат фавран гирифтан мумкин аст, нигоҳ дошта шаванд. Қисмҳои чӯбини чортоқу рафҳо ва гӯшаҳо бояд бо хокаи ба оташ тобоварандаи махсус коркард карда шаванд.
Бояд роҳбарон ва кормандони масъули лагерҳои мактаббачагон (лагерҳои назди мактабӣ) бо телефонҳо таъмин карда шуда, ҳаррӯза алоқаи доимӣ бо Хадамоти давлатии оташнишонӣ дошта бошанд. Кӯдакони хурдсолро дар ошёнаи дуюми биноҳои истироҳатӣ ҷойгир кардан манъ аст.
Дар биноҳҳои муассисаҳои бачагон ва профилактикию-табобатӣ корҳои кафшергарӣ ва дигар корҳои ба оташ вобаста танҳо бо иҷозати роҳбарони ин муассисаҳо ё шахсоне, ки ба ҷои онҳо кор мекунанд, мумкин аст. Корҳои кафшеркуниро бояд мутахассисони баландихтисос бо шарти риояи ҳамаи чораҳои зарурӣ ва бо воситаҳои сӯхторхомӯшкунӣ таъмин кардани ҷои кор иҷро намоянд.
Барои хомӯш кардани сӯхтор дар хонаҳои истироҳатии кӯдакон ва бӯстонсароҳое, ки дар деҳаҳо ҷойгиранд, бояд дар ихтиёрашон ҳатман мотопомпа ё насосҳои доимии сӯхторхомӯшкунӣ дошта бошанд. Нигоҳубинӣ мотопомпа ва насосҳо ба зиммаи шахсони масъул, ки қоидаи бо он коркарданро омӯхтаанд, бояд гузошта шавад. Барои эҳтиёҷоти хоҷагӣ ва ғайра истифода бурдани воситаҳои сӯхторхомӯшкунӣ ва асбобҳои зиддисӯхтор қатъян манъ аст.
Танҳо дар ин ҳолат, мо исироҳати бофароғати фарзандонамонро ба пуррагӣ таъмин намуда метавонем.
Хотирасон мешавем, ки ҳангоми ба амал омадани сӯхтор ва ё зоҳир гардидани нишонаҳои он ҳатман ба Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба телефони = 01= ва аз телефонҳои мобилӣ = 101= занг задан зарур аст.

Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика