Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аёдати иштирокчии ҶБВ

1872

Рӯзи 8-уми май ба муносибати 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба роҳбарияти Шуъбаи -1 ВКД дар шаҳри Исфара собиқадори 97 солаи мақомоти корҳои дохилӣ, иштирокчии ҶБВ Абдувалӣ Қаюмов, сокини ҷамоати деҳоти Хонободи шаҳри Исфараро аёдат намуданд.
Зимни аёдату дидорбинӣ бо шароити зисти ӯ аз наздик шиносоӣ пайдо намуда, таманниёт ва табрикоти Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ., ба иштирокчии ҶБВ расонида шуд.
Таъкид гардид, ки дар хомӯш кардани оташи ҷанги хонумонсӯз ва наҷоти инсоният саҳми Абдувалӣ Қаюмов ва ҳамяроқони ӯ, ҷавонони матиниродаи солҳои 40-уми қарни гузашта бузург ва бесобиқа ҳаст. Маҳз ҷасорат ва ҳисси баланди ватандӯстии онҳо буд, ки якпорчагии Ватан ҳифз ва ояндаи ободу осоишта таъмин гардид.
Собиқадори ҷанг барои кӯмаку таваҷҷӯҳ ва ғамхории пайваста ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

18751873

1874

Маврид ба зикр аст, ки аёдату дидорбинии иштирокчиёни ҶБВ ё нафарони дар ақибгоҳ хизмат намуда дар арафаи Рӯзи Ғалаба аз анъанаҳои гувоҳидандаи он аст, ки хизмати диловаронаи иштирокчиёни ҶБВ ба нафъи Ватан ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад.

Акбар Шарифӣ, майори милитсия.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика