Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор ва таҳкими вазъи бехатарӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ

1265

Новобаста ба таъкиду ҳушдордиҳиҳо ва чораю тадбирҳои андешидашавандаи Хадамоти давлатии отиашнишонӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, мутаассифона дар натиҷаи риоя накардани оддитарин талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор аз ҷониби баъзе аз масъулини онҳо, чанде пеш дар Нуқтаи фурӯши сӯзишвории ҶДММ «Эко-ойл», воқеъ дар маҳаллаи Испечак 2-и ноҳияи Рӯдакӣ, ҳодисаи нохуши сӯхтор ба амал омад, ки дар натиҷаи он 11 нафар ҷароҳатҳои сабук бардоштанд.

Бо мақсади пешгирии чунин ҳодисаҳои нохуш ва таҳкими вазъи бехатарӣ аз сӯхтор тибқи талаботи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо супориши роҳбарияти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ аз ҳисоби кормандони мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор ва дигар хадамоту мақомотҳои дахлдор гурӯҳҳои кории муштарак таъсис дода шуда, санҷиши нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар доираи чунин чорабиниҳо зимни санҷиши Нуқтаи фурӯши сӯзишвории Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Эҳсонҷон», воқеъ дар кӯчаи Ҷ.Расулов 16-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, муайян карда шуд, ки аз ҷониби масъули он Муҳаммадҷон Шарипов ба таъмин ва риояи талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор диққати зарурӣ дода намешавад. Ҳамин аст, ки дар сипари оташнишонӣ ягон адад оташхомушкунак ва дигар олотҳои лозимии коршоям вуҷуд надоранду дар зери зарфҳои гази моеъ миқдори зиёди партовҳои сӯзанда нигоҳ дошта мешаванд, ки чунин муносибати хунукназаронаи роҳбарияти нуқтаи мазкур метавонад сӯхторро сабаб гардад. Бинобар ин, интиқоли неруи барқи нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ аз ҷониби мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор қатъ гардонида шуда, нисбати роҳбари он парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Ҳамин гуна ҳолати ногувори зиддисӯхторӣ дар Нуқтаи фурӯши сӯзишвории Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Имон импорт экспорт», воқеъ дар деҳаи Арбобхотуни ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки роҳбараш Даврон Абдулхайров мебошад ҷой дорад. Аз бемасъулиятии роҳбари нуқтаи мазкур дар қутии барқӣ аз муҳофизаккунакҳои худсохт истифода карда шуда, қисме аз розеткаҳои барқӣ дар ҳолати хавфи сӯхтор қарор доранд. Ба замми ин, атрофи зарфҳои захираи сӯзишвориҳо аз алафи хушк ва қоғазпораҳову партовҳо тоза карда нашудаанд. Пайвасти хатҳои интиқоли барқ низ дар баъзе қитъаҳо ба талаботи қоидаҳои бехатарӣ ҷавобгӯ нестанд.
Дар Нуқтаи фурӯши сӯзишвории Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ғайрат 82», воқеъ дар деҳаи Ҷӯйбодоми ноҳияи Рӯдакӣ, низ ки шахси масъули он Бахтулло Ёров мебошад, вазъ бадтар асту беҳтар не. Инҷо низ ба замми камбудиҳои зиёди зиддисӯхторӣ баъзе оташхомушкунакҳо дар ҳолати корношоямӣ буда, назди зарфҳои нигоҳдории сӯзишворӣ аз ҳар гуна партовҳо тоза карда нашудаанд, ки эҳтимолияти хавфи сӯхторро зиёд менамоянд. Бинобар ин, нисбати номбурда тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима татбиқ карда шуд.

1266

Чунин як ҳолати қоидавайронкуниҳо дар Нуқтаи фурӯши сӯзишвории Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Тоҷик нафт», воқеъ дар деҳаи Ҷӯйбодоми ноҳияи Рӯдакӣ, аз тарафи кормандони Хадамоти давлатии отиашнишонӣ ошкор карда шуд. Аз бепарвоии шахси масъули он Мирзормаҳмад Қориев дар сипари оташнишонӣ ягон адад оташхомӯшкунак вуҷуд надорад. Пайвасти хатҳои интиқоли барқ низ дар баъзе қитъаҳо ба талаботи қоидаҳои бехатарӣ ҷавобгӯ набуда, дар ҳолати урёну овезон мебошанду қисме аз розеткаҳои барқӣ дар ҳолати хавфи сӯхтор қарор доранд.
Вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷониби кормандони мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор, нисбати масъулон чораю тадбирҳои қонунӣ андешида шуданд.
Чунин санҷишҳои муштарак дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ идома дорад.

Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика