Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинар-машварати самти хизмат дар СХДО ВКД

1255

Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба савияи донишу малакаи касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, пайваста дар ин самт тадбиру чораҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд.
Дар ин раванд роҳбарияти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани маҳорати касбию такмили ихтисоси кормандони хадамот ва истифодаи амалии таҷрибаи пешқадами ҷаҳонии соҳа дар фаъолияти ҳамарӯза баргузории семинар-машваратҳо ва машқҳои амалии тактикӣ-оташнишониро мунтазам ба роҳ мондаанд.
Дар доираи чунин чорабиниҳо, мутобиқи нақшаи тасдиқнамудаи сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники хизмати дохилӣ Бахтиёр Умарзода, аз тарафи Шуъбаи хизмат ва омодагии Сарраёсат санаи 30 апрели соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи СХДО ВКД Семинар-машварати самти тахассуси хизматӣ бо кормандони Хадамоти навбатдории Сарраёсат, Шуъбаи хизмат ва тайёрию Хадамоти навбатдории Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе, инчунин муовинони сардорони ҷузъу томҳову сардорони бастҳои навбатдории қисму дидбонгоҳҳои алоҳидаи ҳарбикунониндашудаи хадамоти давлатии оташнишонии гарнизони Душанбе ва курсантони Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор карда шуд.
Семинар-машваратро сардори Сарраёсат бо суханони муқадимавӣ оғоз намуда, иштирокчиёни онро хайрамақдам гуфт. Мавсуф ҳамчунин зимни баромади худ вобаста ба чорабиниҳои муҳими дар пешистода, бахусус, вобаста ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли равон, кормандони тахассуси хизматии хадамотро вазифагузорӣ намуда, аз ҷумла иброз намуд, ки хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ кору фаъолияти софдилонаю содиқонаро талаб менамояд. Бахусус касби оташнишонӣ бисёр ҳам масъулиятнок буда, он аз ҳар як корманди хадамот маҳорати баланди кордонӣ, чолокию зиракӣ ва доимо дар ҳолати хуби омодабошию аз ҷиҳати ҷисмонӣ тобовар буданро тақозо менамояд. А
з ин лиҳоз бояд ҳар як иштирокчӣ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ мавзӯъҳои семинар-машваратро пурра азхуд намояд ва дар фаъолияти амалӣ, хусусан, ҳангоми бартарафсозии ҳодисаҳои сӯхтор ва дигар ҳолатҳои фавқулодда бо маҳорати баланди касбӣ вазифаҳои дар наздаш гузошташударо сарбаландона иҷро карда тавонад. Маҳз бо ҳамин васила метавон нуфузу эътибори хадамотро дар байни дигар ниҳодҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ боз ҳам баланд бардошт, - афзуд Бахтиёр Умарзода.
Муовини сардори СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники хизмати дохилӣ Сайдализода Аловуддин Зайнуддин низ дар баромади худ оид ба вазифаҳои асосии дар пешистодаи қисму дидбонгоҳҳои алоҳидаи ҳарбикунониндашудаи хадамоти давлатии оташнишонии гарнизони Душанбе суханронӣ намуда, ҳамчунин ба ҷамъомадагон таъкид намуд, ки ҳадафи асосии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ аз баргузории чунин чорабиниҳо тарбияи кадрҳои баландихтисос ва афзун намудани малакаи кордонии мутахассисони ҷавони соҳа мебошад. Аз ин лиҳоз, барои рушду шукуфоии Ватан, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва меҳану миллати худ аз дилу ҷон ва содиқона хизмат намудан, ҳар як корманди хадамот бояд дорои донишу малакаи баланди касбӣ бошад ва тамоми дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СХДО-ро сари вақту бо сифати баланд иҷро карда тавонад, - гуфт Сайдализода Аловуддин Зайнуддин.

12561257

Сипас, аз тарафи сардор ва муовини Шуъбаи хизмат ва омодагии Сарраёсат подполковникҳои хизмати дохилӣ Баҳром Ҷурақулзода ва Хуршед Раҳимзода, инчунин мутахассисони таҷрибадори СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковникҳои хизмати дохилӣ Давлатмурод Сангов, Маҳмадалӣ Табарзода, Рустам Сафаров, Мирзораҳимзод Миралӣ, майорҳои хизмати дохилӣ Маҳмадрозиқ Тоибов ва Алишер Бобоев бо иштирокчиёни семинар-машварат дар мавзӯъҳои: «Намуд ва андозаи рӯдаҳои оташнишонӣ», «Тартиби истифодабарии рӯдаҳои оташнишонӣ», «Баҳисобгирӣ ва тартиби аз эътибор соқит гардонидани рӯдаҳои оташнишонӣ», «Техникаи бехатарӣ ҳангоми гузаронидани густариши муҳорибавӣ, кашидану ҷамъ кардан, инчунин хизматрасонӣ ва таъмири рӯдаҳои оташнишонӣ», «Техникаи бехатарӣ ҳангоми хомӯш намудани ҳодисаҳои сӯхтор» ва ғайраҳо машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуда, аз ҷониби маърӯзачиён ба саволҳои иштирокчиёни семинар-машварат посухҳои муфассал дода шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки иштирокчиёни чорабинӣ дар машғулиятҳои назариявию амалӣ донишу малакаи касбии худро боз ҳам такмил дода, барои доимо ва дар ҳама ҳолатҳо дар сатҳи баланд иҷро намудани вазифаҳои ба дӯш доштаашон ва ба халқу Ватан содиқона хизмат намудан омодагии хуб гирифтанд.

Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика