Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ду садамаи нақлиётии нохуш

Рӯзи 27-уми апрели соли 2021, тахминан соати 21:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Абдуллоев Баҳром Қодирович, соли таваллудаш 1954, сокини ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳия ба самти ноҳияи Вахш, дар ҳудуди деҳаи Ганҷинаи ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, велосипедрон, Бобохонов Абдураҳим Бозорович, соли таваллудаш 1999, сокини ҷамоати деҳоти Навбаҳорро пахш намудааст.
Дар натиҷа, велосипедрон Бобохонов А.Б. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, 28-уми апрели соли 2021, тахминан соати 13:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Королла”, Сулаймонов Ҷамшед Умедҷонович, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Хундай-Аванта”, таҳти идораи ронанда, Назаров Авазалӣ Муҳиддинович, соли таваллудаш 1990, сокини ҷамоати деҳоти Т.Садриддинови ноҳияи Шаҳритус, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашинаи тамғаи “Хундай-Аванта”, Абдусамадов Доно Ботирович, соли таваллудаш 1998, Назаров Муҳиддин Раҳимович, соли таваллудаш 1958, сокинони ноҳияи Шаҳритус ва ронандаи автомашинаи “Тайота-Королла”, Сулаймонов Ҷ.У. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоша, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, Абдусамадов Д.Б. дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

qonun011

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика