Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории машқи тактикӣ-оташнишонӣ

1245

Мутобиқи талаботи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ба вазъи бехатарӣ аз сӯхтори вазорату кумитаҳо, иншооти муҳими давлатию аҳамияти стратегидошта, корхонаву муассисаҳои мухталифи шакли моликияту мансубияташон гуногун ва ҷойҳои оммавӣ дар фаслҳои мухталифи сол таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати таъмини пурраи вазъи бехатарӣ аз сӯхтор, пайваста дар онҳо корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ ва машқҳои тактикӣ-оташнишонӣ ташкил ва баргузор менамоянд.
Дар ин замина, тибқи нақшаи баргузории машқҳои тактикӣ-оташнишонӣ, ки таҳти назорати сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники хизмати дохилӣ Бахтиёр Умарзода омода ва тасдиқ карда шудааст, дар бинои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар кӯчаи Бохтар 59-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, машқи тактикӣ-оташнишонӣ доир карда шуд.
Мувофиқи сенарияи машқ, гуё дар яке аз утоқҳои кории ошёнаи 2-юми бинои вазорат дар масоҳати 30 метри мураббаъ сӯхтор ба вуқуъ омада, хавфи бевоситаи паҳншавии сӯхтор ба қисматҳои дигари биноро ба миён овардааст.
Бо дарназардошти ҳодисаи рух дода, аз ҷониби навбатдори Вазорати мудофиа, дар навбати аввал оиди сӯхтори шартӣ ба Хадамоти давлати оташнишонии ВКД хабар дода шуд. Сипас, то ба ҷойи ҳодиса расидани оташнишонон дастаи ихтиёрии ғайриштатии сӯхторхомушкунии вазорат, аз рӯи нақшаи иҷрои амалҳои фаврӣ ҳангоми ҳодисаи сӯхтор амал намуда, бо истифода аз воситаҳои оташнишонии дар ихтиёр дошта, муташаккилона ба хомӯш намудани сӯхтор шурӯъ намуданд.
Дар кӯтоҳтарин фурсат роҳбарияти Сарраёсат ва теъдоди муайяни кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ низ бо 2-адад нақлиётҳои асосии оташнишонӣ ба маҳалли ҳодиса ҳозир шуданд. Дар ҷойи ҳодисаи шартӣ роҳбари амалиёт фавран Ситоди оташнишонӣ таъсис дода, қувваву воситаҳои асосиро дар як вақт ба таҳлияи одамон ва молу ашёҳои қиматнок аз дохили бино, расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба осебдидагон, пешгирии роҳҳои паҳншавии оташ ва пурра хомӯш намудани сӯхтор сафарбар намуд.
Сари вақт ва дуруст муайян намудани самтҳои асосии ҳалкунанда ва самаранок сафарбар намудани қувваву воситаҳо аз ҷониби роҳбарияти Сарраёсат имкон дод, ки сӯхтори шартӣ бе паҳншавӣ ва ба зудӣ хомӯш карда шавад.
Қобили қайд аст, ки рафти машқи муштараки тактикӣ-оташнишониро муовини сардори СХДО ВКД полковники хизмати дохилӣ Сайдализода Аловуддин Зайнуддин ва муовини сардори Шуъбаи хизмат ва омодагии Сарраёсат подполковники хизмати дохилӣ Раҳимзода Хуршед Абдураҳим назорат намуда, ба он баҳои баланд доданд.

1246

Дар воқеъ ба зудӣ ва дар масоҳати аввалааш ба пуррагӣ хомӯш карда шудани сӯхтор аз донишу малакаи баланди касбӣ, чолокиву зиракӣ ва дар ҳолати хуби омодабошӣ қарор доштани кормандони Хадамоти давлати оташнишонии ВКД ва масъулину дастаи ихтиёрии ғайриштатии сӯхторхомушкунии Вазорати мудофиа шаҳодат дода, бори дигар исбот намуд, ки кормандони ниҳодҳои мазкур дар ҳама ҳолатҳо омодаанд, ки вазифаҳои дар наздашон гузошташударо дар фурсати кӯтоҳ ва бо сатҳу сифати балан иҷро намоянд.
Дар интиҳои чорабинӣ бо Фармони Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ҳамкориҳои доимӣ ва нақши сазовор доштани Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷузъу томҳои он дар пешгирӣ ва бартарафсозии ҳодисаҳои сӯхтор ва иштироки фаъолона дар машқҳои муштараки тактикӣ-оташнишонӣ 12 нафар кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва барои иштироки фаъолона 10 нафар кормандони худи Вазорати мудофиа низ бо Ифтихорнома сарфарозу қадрдонӣ карда шуданд.
Тибқи талаботи Вазорати корҳои дохилӣ кор дар ин самт аз тарафи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ дар дигар вазорату кумитаҳо низ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст.

Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика