Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ду садамаи нақлиётии марговар

Рӯзи 16-уми апрели соли 2021, тахминан соати 19:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Киа-Спортедж», Ҳотамов Азамад Расулҷонович, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Турсунзода, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти М.Ризои шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон Саъдуллоева Гуландом Бобоҷоновна, соли таваллудаш 1976, сокини ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ ва ноболиғ Эшонов Фирдавс Қиёмиддинович, соли таваллудаш 2011, сокини ҳамон ҷоро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Саъдуллоева Г.Б. ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ноболиғ Эшонов Ф.Қ. бошад ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона дастрас карда, баъди расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба манзили истиқоматиашон ҷавоб дода шуд.
Инчунин, 17-уми апрели соли 2021, тахминан соати 21:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21099», Умаров Аюбҷон Абубакрович, соли таваллудаш 2003, сокини ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингард аз самти шаҳри Роғун ба самти шаҳри Ваҳдат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «КАМАЗ-5320», ки таҳти идораи ронанда, Гулмуҳаммадов Фозилҷон Ҳакимович, соли таваллудаш 1967, сокини ҷамоати деҳоти Нушори ноҳияи Тоҷикобод, дар канори роҳ беҳаракат истода буд, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21099», Меликшоев Муҳаммадшоҳ Маҳмадшоевич, соли таваллудаш 2004, сокини ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи мазкур ва Суннатуллои Зикрулло, соли таваллудаш 2003, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Инчунин, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-21099” Умаров А.А. ва мусофири дигари автомашинаи мазкур, Умаров Зикрулло Саидшоевич, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Баъдан дар беморхона, Умаров З.С. ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика