Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешгирӣ намудани ҳолатҳои қонунвайронкунӣ

1816

Меҳвари фаъолияти мақомотҳои корҳои дохилиро мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, таъмини тартибот ва ошкорсозии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ташкил медиҳад.
Дар ин радиф вохӯрии муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон полковники милитсия Назарзода Толибҷон бо ҳайати шахсии Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Вахш баргузор гардид.
Мақсад аз вохӯрӣ барои дар сатҳи баланди сиёсӣ пешвоз гирифтани таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, риояи қонуният ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои қонунвайронкунии кормандон, пешгирии содиршавии ҷиноятҳо, алалхусус муноқишаҳои авбошии гурӯҳӣ, дуздӣ дар байни ҷавонон, шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии террористиву экстремистӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ иборат буд.
Муовини сардори Раёсат Назарзода Толибҷон иброз дошт, ки яке аз самтҳои фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин пешгирии ҷинояткорӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин ҳар як кормандро зарур аст, ки дар самти пешгирӣ ва тарбияи наврасону ҷавонон саҳмгузор бошанд ва аз кормандони ботаҷриба даъват ба амал оварда шуд, ки ҷавононро дар рӯҳияи башардӯстию ватанпарастӣ, ҷавонмардию далерӣ, ахлоқу одобӣ ҳамида тарбият кунанд.
Сардори Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Вахш полковники милитсия Неъматзода Алишер дар баромади худ қайд намуд, ки «Милитсия сутуни давлат ва муҳофизи миллат» ба шумор рафта, кор дар ин мақомот ҳар яки моро водор месозад, ки барои насли имрӯзу фардо фазои орому осуда ва сулҳу суботи комилро ҳифзгар бошем ва ҳарчи бештар бо аҳли ҷомеа наздик шуда, дар якҷоягӣ пеши роҳи ҷиноятҳову кирдорҳои зиддиҳуқуқиро бигирем.

18171818

Дар ҷараёни вохӯрӣ дар мавзӯъҳои муҳими доғи ҷомеаи имрӯза сӯҳбати озоду самимӣ доир гардид.
Дар рафти вохӯрӣ кормандони шуъбаи мазкур оиди мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо баҳри боз ҳам пурсамар намудани фаъолияти корӣ, изҳори ақида намуда, таклифу пешниҳодҳои судманд иброз намуданд.

Офоқ Қодириён, подполковники милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика