Баҳри боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилӣ бо мактабу маориф, тарбияи ҷавонон ва насли наврас дар ҳамкорӣ бо ҷомеа, мустаҳкам намудани ҳисси ватандориву арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ дар зеҳни онҳо, пайваста вохӯриҳои судманди кормандони милитсия бо донишҷӯён доир карда мешавад.
Рӯзи 27-уми феврали соли 2021 чунин як вохӯриву сӯҳбатҳои судманд бо иштироки сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия, Искандар Солеҳзода бо устодону донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар баргузор гардид.
Мавриди зикр аст, ки вохӯриҳои судманд робитаву ҳамкории милитсияро бо ҷомеаи шаҳрвандӣ беҳтар мегардонад.
Мақсад аз вохӯрӣ бо донишҷӯён расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешгирии содиршавии ҷиноятҳо, алалхусус муноқишаҳои авбошии гурӯҳӣ дар байни ҷавонон, шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии террористиву экстремистӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ аз ҷониби ноболиғон ва ҷавонон иборат буд.
Зимни баромади худ сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия И.Солеҳзода иброз дошт, ки имрӯзҳо шароити хуби донишандӯзӣ барои насли ҷавон, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар муҳайё гардидааст, ҷавононро вазифадор месозад, ки дар андӯхтани илму донишҳои муосир, азхудкунии касбу ҳунарҳои замонавӣ ва ободиву пешрафти Ватани азизамон бо қадамҳои устувор ва шоиста пеш раванд.
Ҳамчунин сардори Шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон полковники милитсия Обидзода Юсуф аз вазъи ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон, теъдоди ҷинояткорӣ дар вилоят сухан намуда, аз ҷавонон давъат ба амал овард, ки барои пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳарчи бештар ҳамкорӣ намоянд. Зеро нигаҳдории тартиботи ҷамъиятӣ вазифаи дастаҷамъонаи тамоми шаҳрвандони кишвар, алалхусус ҷавонон маҳсуб меёбад.
Дар рафти вохӯрӣ ҷавонони фаъол ва донишҷӯён оиди масъалаҳои баррасишаванда ва роҳҳои ҳалли онҳо изҳори ақида намуда, таклифу пешниҳодҳои судманд иброз намуданд.
Байни кормандони мақомот ва устодону донишҷӯён мубодилаи афкор сурат гирифт.
Офоқ Қодириён, подполковники милитсия
Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>