Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 48-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. Номбурда, соли 2015 ҳангоми дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия қарор доштанаш, бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини шаҳри Конибодом даромада, аз ӯ 20-адад автомашинаи гуногунтамғаро ба маблағи 7 миллиону 700 ҳазор рубли русӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия “Такси Парк” мекушояд, аммо автомашинаҳои мазкурро ба қисмҳо ҷудо карда, ба шахсони номаълум фурӯхта, маблағи ба даст овардаро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 56-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиночтии Ҷумҳурии Тоҷикистон суш шудааст ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, соли 2019, дар кӯчаи Айнии пойтахт бо роҳи фиреб ба боварии марди 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Фархори ноҳияи Фархор даромада, аз ӯ 15 ҳазору 500-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамзамон, номбурда, соли 2019 дар кӯчаи Айнӣ бо роҳи фиреб ба боварии марди 27-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 15 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз руи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика