Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо гардидани кирдорҳои қаллобӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини пойтахт, ки пеш бо моддаи 139 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда 7-уми феврали соли 2020 бо роҳи фиреб ба боварии марди 45-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 10 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар ноҳияи Варзоб минтақаи истироҳатгоҳи худро ба номи ӯ мекунад, аммо то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза 36-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи сентябри соли 2020, зани 36-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фериб ба бовариаш даромада, аз ӯ ба маблағи 120 ҳазор сомонӣ ҷавоҳироти тиллоиро гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати 2-моҳ маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамзамон, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 46-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, аз 13-уми марти соли 2010 то 14-уми марти соли 2015, дар вазифаи раиси ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъа кор карда, моҳи феврали соли 2013, бо роҳи фиреб ба боварии марди 35-сола ва зани 37-солаи сокинони ҷамоати шаҳраки мазкур даромада, аз онҳо барои ҳуҷҷатгузорӣ ва ҷудо намудани 0,08-га қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди заминҳои ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъа 4 ҳазор доллари амрикоӣ ва 3 ҳазор сомониро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика