Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани ронанда дар натиҷаи бархӯрди «Мерседес-Бенс" бо "Опел-Вектра»

Рӯзи 24-уми феврали соли 2021, тахминан соати 20:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Бектошов Умар Муродҷонович, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар км 269-200-и шоҳроҳи мошингарди “Душанбе-Хуҷанд-Чанок”, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», таҳти идораи ронанда, Абдуғаниев Абдурауф Абдуқудусович, соли таваллудаш 1992, сокини ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Бектошов У.М. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин мусофирони автомашинаи тамғаи «Мерседес», Бектошова Назира Алиевна, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Хуҷанд, Раҳимов Машраб Алиевич, соли таваллудаш 1997, сокини ҷамоати деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз руи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика