Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи кории Шӯрои занони Хадамоти давлатии "Муҳофиза"

1583

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нисбати баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Маҳз ҳамин буд, ки як қатор фармону қарорҳо дар ин хусус аз ҷониби роҳбарияти Олии мамлакат, аз ҷумла: Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Доир ба баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999 мебошад, ки дар партави амалӣ намудани Фармони мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила ҳуҷҷатҳои муҳим, аз қабили Қарор «Дар бораи нақшаи миллии чорабиниҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба баланд бардоштани мавқеъ ва мақоми занон дар солҳои 1998-2005» аз 10 сентябри соли 1998, барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқ ва имкониятҳои баробарии занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2001-2010» аз 8 августи соли 2001, барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷо намудани кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016» аз 1 ноябри соли 2006, барномаи давлатӣ «Дар бораи дурнамои фаъолгардонии мақоми зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 29 майи соли 2010 ва ғайраҳо қабул гардида ба амал баромаданд. Барномаву қарорҳои қабулшуда, баҳри баланд бардоштани мақоми занон, таъмини пурраи солимии зану кӯдак равона гардида, дар роҳи сохтмони ҷомеаи демократӣ дар Тоҷикистон нақши муҳим бозидаанд. 

1584

Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад.
Дар ин замина бояд қайд намуд, ки дар Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мавқеи занон рўз аз рўз мустаҳкам гардида, зиёда аз 113 нафар бонувон дар вазифаҳои гуногун баробари мардон кор ва фаъолият намуда, дар таҳкими сулҳу субот ва оромӣ, таҳкими қонуният ва интизоми хизматӣ, муҳофизати иншоотҳои муҳим ва махсусан муҳими давлатӣ ва ҳамзамон пешгирии ҷинояткорӣ саҳмгузор мебошанд. Аз оғози фаъолият то имрўз баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъятӣ ва амалу кирдорҳои бар хилофи қонун саҳми кормандзанони милитсия арзанда буда, дар таъмини амнияти кишвар, посдории сулҳу суботу оромӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҳиссагузор мебошанд.
Бо мақсади боз ҳам хуб ба роҳ мондани фаъолияти ҳаррӯзаи кормандзанон рӯзи 25-уми феврали соли равон ҷаласаи кории Шӯрои занони Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и Вазорати корҳои дохилӣ баргузор гардид, ки дар он занон аз дастгоҳи марказӣ ва ҷузъу томҳои Хадамот иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи мазкур нахуст подполковники милитсия Зарина Бекназарзода - раиси Шӯрои мазкур саравал оид ба дастгирӣ ва ғамхориҳои Пешвои миллат суханронӣ намуда, зикр карданд, ки шурӯъ аз аввали соҳибистқлолии кишвар роҳбарияти олии мамлакат барои баланд бардоштани мавқеъ ва дастгирии занон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд, ки ин пеш аз ҳама ҳисси миллӣ, ватандӯстӣ ва хештаншиносии ҳар як зан -кормандро меафзояд.

1585

Дар идома иштирокчиёни ҷаласа оиди самтҳои асоси хизмат, риоя ва иҷрои Фармони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хушмуомилагӣ, муносибати боддиққати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо шаҳрвандон», Фармоиши Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқ намудани Кодекси одоби касбии корманди милитсия» ва Фармони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дастурамал оиди тартиби пӯшидани либоси низомии кормандони сохтори Вазорати корҳои дохилӣ» баромад ва суханронӣ намуданд.
Дар охир аз ҷониби ҳайати комиссияи Шӯрои мазкур таъкид карда шуд, дар вақти фаъолияти хизматӣ ҳар як корманд-зани мақомоти корҳои дохилӣ вазифадор мебошад, ки риояи пӯшидани сару либоси низомиро тибқи Оинномаи хизматии мақомоти корҳои дохилӣ ба роҳ монда, бояд ҳаракат, ҳиссиёт ва эҳсосоти худро зери назорати қатъӣ қарор дода бо нафрат, душманӣ, ҳиссиёти дўстии шахсӣ дар қабули қарорҳои хизматӣ роҳ надиҳад ва дар иҷрои вазифаҳои худ содиқонаву софдилона устувор бимонад.

Муродзода Саидҷамол




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика