Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дуздӣ амали пасту нангин аст

1582

Дуздӣ амали пасту нангин буда, шахсоне, ки даст ба ин кирдор мезананд, андеша намекунанд, ки ин амали ғайриинсонияшон на танҳо боиси доғдор гаштани худи онҳо, балки ба ҳаёти фарзандону наздиконашон низ таъсири бад мегузоранд.

Инчунин ин ашхоси каҷрафтор мехоҳад, ки аз ҳисоби меҳнати дигарон мушкилоти зиндагии худро осон намоянд. Ва қисми зиёди ин нафарони ҷиноятпеша шабона вориди манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон гашта, молҳои мардумро ба яғмо мебаранд.
Дар асоси аризаи шаҳрвандони ноҳияи Ҷайҳун ба Шуъбаи ВКД дар ноҳияи мазкур оиди аз ҷониби шахсони номаълум аз манзилҳои истиқоматияшон дузида шудани маблағҳои пулӣ ва ашёҳои рӯзгорашон, кормандони милитсия гурӯҳи фавриву ҷустуҷӯӣ ташкил намуда, дар як муддати кутоҳ гумонбари ин ҷиноятҳои дуздиро дастгир намуданд.
Низомов Сиҷоҳиддин, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Ҷайҳун, номбурда шабона бо тариқи пинҳонӣ вориди манзилҳои истиқоматии сокинони ноҳияи мазкур гашта, аз онҷо маблағҳои пулӣ, дучархаҳо, телефонҳои мобилӣ ва телевизорҳои шаҳрвандонро ба яғмо бурда, ба ҷабрдидагон зарари калони молӣ расонида аст.
Низомов С. дар 5 ҳолати ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста мешавад.
Ба даст афтодани гумонбаршудагон гувоҳи он аст, ки парда аз рӯи ҳама гуна ҷиноят бардошта шуда, ҷинояткорон бе ҷазо намемонад.
Боиси таассуф аст, ки ин нафарони гумроҳ даст ба кирдорҳои хилофи қонун зада, солҳои тулонии умри азизи худро пушти панҷараҳои маҳбас сипарӣ месозанд.
Айни замон вобаста ба далелҳои мазкур нисбати гумонбаршуда Низомов Сиҷоҳиддин дар шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Офоқ Қодириён, подполковники милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика