Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машқҳои амалӣ-тактикӣ бахшида ба таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ

774

Бахшида ба таҷлили ҷашни 28-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои омӯзиши назариявӣ ва амалӣ бо иштироки ҳайати шахсии Воҳидҳои таъиноти махсуси гарнизони шаҳри Хоруғ машқҳои амалӣ-тактикӣ баргузор намуд.

Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон машқҳои амалӣ-тактикӣ оғоз гардиданд.
Дар чорабинӣ бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва машқҳои тактикӣ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод, иҷрокунандаи вазифи раиси шаҳри Хоруғ Алишер Мирзонабот Худобердӣ, аъзоёни Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар ВМКБ ва дигар меҳмонони расмӣ ширкат варзиданд.
Дар чорабинӣ аз ҷониби ҳайати шахсии Воҳидҳои таъиноти махсуси гарнизони шаҳри Хоруғи ВМКБ марҳилаҳои гуногуни иҷрои машқҳои тактикӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ сурат гирифт. Сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод бахшида ба таҷлили 28 - солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал -полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳайати шахсии Вохидҳои таъиноти махсуси гарнизони ҳарбии шаҳри Хоруғро табрику таҳният намуд ва ҳамзамон барои дар сатҳи баланд доир намудани машқҳои тактикӣ минатдории самимии худро баён намуд.
Таъкид гардид, ки кормандони сохторҳои интизомӣ аз қаторӣ то корманди баландрутбаи низомию ҳарбӣ пеш аз ҳама далерию матонат ва ҳисси баланди ватандӯстӣ ва иҷрои бечунучарои вазифаҳои хизматиро талаб менамояд, ки дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон масъулияти баландро аз худ нишод диҳем.

775776777

Баъди иҷрои машқҳои амалӣ-тактикии Воҳидҳои таъиноти махсуси гарнизони шаҳри Хоруғ ВМКБ, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, барои дар сатҳи баланд гузаронидани машқҳои амалӣ тактикӣ баҳои баланд дод.
Таъкид гардид, ки имрӯз вазъияти мураккаби ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки сохторҳои қудратӣ бояд ҳамеша ҳушёрию зиракиро аз даст надода, дар ҳолати омодабош қарор дошта бошанд ва пайваста маҳорати касбии хешро баланд бардоранд.
Дар фарҷоми машқҳои амалӣ-тактикӣ барои нишон додани маҳорату малакаи баланд дар иҷрои машқҳои тактикӣ ба кормандони Воҳидҳои таъиноти махсусси гарнизони шаҳри Хоруғ аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори РВКД дар ВМКБ туҳфаҳои хотиравӣ, Ифтихорнома ва маблағҳои пулӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд.

Далер Чоршанбе




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика