Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ дар қисми низомӣ

764

Бахшида ба 28-умин солгарди рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 3502-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, чорабинии идона баргузор гардид.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки таҷлили ин сана ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ пазируфта шуда имрӯзҳо аз хурд то бузург рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд.
Сардори Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД генерал-майори хизмати дохилӣ Рауфзода Суҳроб ва муовини Сардори РК ва КҲШ дар чорабинӣ иштирок намуда ҳайати афсарону сарбозони қисми низомиро аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ табрику таҳният намуданд.
Дар рафти ҷамъомади тантанавӣ ба якқатор сарбозон ва афсарони қисми низомӣ аз ҷониби роҳбарияти Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ ва намояндаи ВКД Ифтихорнома, Сипоснома, Раҳматнома ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

765766767

Барои болидаруҳии сарбозон бо дастури Вазири корҳои дохилӣ барномаи фарҳангӣ ва дастурхони идона ташкил карда шуд.

Ҷамшед Мавлонзода




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика