Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани якчанд ҷинояти дуздӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 41-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи декабри соли 2020, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз мағозаи фурӯши қисмҳои эҳтиётии автомашина, воқеъ дар кӯчаи Д.Халқҳои пойтахт 90 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ходиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Панҷакент, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 12-уми июли соли 2020, тахминан соати 01:00, ҳангоми дар кӯчаи Мушфиқии пойтахт қарор доштанаш бо роҳи пинҳонӣ вориди корхонаи ҶДММ «Олим-К» шуда, аз он ҷо 1 ҳазор доллари амрикоӣ ва 30 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 41 ҳазору 300 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ки пеш бо моддаи 177 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 19-уми январи соли 2021, тахминан соати 18:30-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои ҷамоати деҳоти Чубеки ноҳияи мазкур 2-сар чорвои калони шохдори марди 39-солаи сокини ҳамин ноҳияро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 16 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика