Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кормандзанони ВКД ба касби худ содиқанд

1457

Имрӯзҳо занону духтарон дар тамоми ҷодаҳои ҳаёти ҷомеа иштироки фаъолона дошта, ҳеҷ як корхонаву идора, вазорату кумита ва ташкилотеро бе фаъолияти онҳо тасаввур кардан ғайриимкон мебошад.

Ба хусус дар мақомоти корҳои дохилӣ низ саҳми занон дар ошкору пешгирии ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияту бехатарии шаҳрвандон назаррас буда, онҳо дар вазифаҳои масъулиятноки роҳбарикунанда низ бо сарбаландӣ адои хизмат менамоянд.
Шӯрои занони Вазорати корҳои дохилӣ фаъолияти назаррас дошта, пайваста натиҷаҳои хизматӣ ва амалу рафтори онҳо дар ҷаласаҳои Шӯро мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Ҷаласаи навбатии кормандзанони ВКД, ки бо иштироки роҳбарияти Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ баргузор гардид, дар он дастовардҳои кормандзанони ВКД натиҷагирӣ карда шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки занони мақомоти корҳои дохилӣ баҳри ба иҷро расонидани вазифаҳои дар назди милитсия гузошташуда, таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва коргузорӣ хизмати софдилона намуда, дар пешгирии ҳама намуди ҷинояту ҷинояткорӣ саҳми босазо мегузоранд.
Дар ҳама давру замон занон бо хислати наҷиби тарбиятгарии худ, раҳму шафқат, меҳрубонӣ ҳамеша ҷомеаро ба пос доштани арзишҳои умумибашарӣ, сулҳу субот, ваҳдат, дӯст доштани Ватан ва ба кору амалҳои неку созанда даъват мекарданд ва имрӯз низ, ин рисолатро онҳо ба зимма доранд.

1458

Имрӯзҳо садҳо нафар занони мақомоти корҳои дохилӣ дар баробари мардон паҳлӯ ба паҳлӯ истода, бо саҳмгузорӣ дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон, аз худ истеъдоду лаёқати баланди корбарӣ, вафодорӣ ва садоқат ба ин пешаи пурифтихорро зоҳир менамоянд.
Дар интиҳои чорабинӣ бонувони Вазорати корҳои дохилӣ иброз доштанд, ки минбаъд низ вазифаҳои хизматии худро бо ҳиссиёти баланди касбию меҳанпарастӣ, интизоми намунавӣ ва содиқ ба Савганди худ иҷро менамоянд.

Эҳсон Абдуллозода, Ҷамшед Мавлонзода




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика