Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани пиёдагард дар натиҷаи ноуҳдабароии ронанда

Рӯзи 19-уми январи соли 2021, тахминан соати 18:20-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Турдиев Толибҷон Усмоналиевич, соли таваллудаш 1994, сокини ҷамоати деҳоти С.Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба самти шаҳри Бохтар, дар худуди ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Абдуллоев Отабек Эргашалиевич, соли таваллудаш 1978, сокини ҷамоати деҳоти С.Истиқлоли ноҳияи Кӯшониёнро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Абдуллоев О.Э. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика