Қиморбозии кӯчагӣ, ки дар байни мардум бо номҳои “алик-малик” ва “қарасан-топасан” маъмул аст, ҳарчанд мардумфиребии рӯирост бошад ҳам, мутассифона баъзеҳо онро манбаи даромад меҳисобанд.
Нозирони минтақавии Шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд ду қиморбози ашаддӣ шаҳрвандон Абдуаҳадов Рустам Аҳадович, соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи чамоати деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан ва Саъдии Муҳиддин, соли таваллудаш 1990, истиқоматкунандаи маҳаллаи 13-уми шаҳри Хуҷандро, ки мунтазам ба талаботи қонунии кормандони милитсия итоат накарда дар ҳудуди бозори “Панҷшанбе”-и маркази маъмурии вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд ингуна бозиҳо ташкил менамуданд, боздошт карданд.
Бо тартиб додани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар асоси моддаи 479 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз тарафи нозирони минтақавии милитсия суди шаҳри Хуҷанд нисбати хукуквайронкунандагон ҷазои ҳабсӣ тадбиқ намуд. Саъдии Муҳиддин ба муҳлати 10 шабонарӯз, Рустам Абдуаҳадов 7 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ ҷазо гирифтанд.
Ба таъкиди кормандони милитсия бо такя аз таҷрибаи амалӣ аз сабабе, ки шаҳрвандон дар чунин бозиҳо иштирок мекунанд, бозори ингуна мардумфиребиҳо гарм аст. Тибқи меъёрҳои қонунгузорӣ ҷарима дар асоси моддаи 465 ва ҷазои ҳабсӣ дар асоси моддаи 475 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз таъсиррасониҳои ҳуқуқие мебошанд, ки нисбати ташкилкунандагони бозиҳои кӯчагии “алик-малик” тадбиқ мешавад.
Ҳуқуквайронкунандагон Саъдии Муҳиддин ва Рустам Абдуаҳадов муҳлати ҷазои таъингардидаро ба тозаю озода намудани ҳудуди бинои маъмурӣ ва дигар корҳои хусусияти тарбиявидошта сарф хоҳанд кард. Милитсияи шаҳри Хуҷанд мехоҳад бо роҳи сафарбар намудани ҳуқуқвайронкунандагон ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ тарзи ҳаёти солимро ба онҳо тарғиб намояд.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>