Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошти ду нафар бо гумони содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза марди 53-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки марди 27-солаи сокини ҳамин ҷамоат бо духтараш, ҷавонзани 24-сола, муддати 6-моҳ муносибати ошиқона доштаанд. Аз ҳамин сабаб аз охирҳои моҳи августи соли 2020 то инҷониб бо мақсади бо роҳи тамаъҷӯӣ бо таҳдиди ифшои маълумоти бадномкунанда, гумонбаршаванда аз ӯ дар якчанд лаҳза ба маблағи умумии 13 ҳазору 510-сомонӣ талаб карда гирифтааст.
4-уми январи соли 2021, номбурда ба ҷабрдида тариқи телефони мобилӣ занг зада, бо мақсади дар шабакаҳои интернетӣ паҳн накардани маводҳои бадномкунандааш аз ӯ маблағи 18 ҳазор сомонӣ талаб карда, дар вақти гирифтани 1 ҳазору 500-сомонӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳолат нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 250 қисми 2, банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат бо гумони содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 4-уми январи соли 2021, бо мақсади тайёр намудани ҳуҷҷатҳои замин аз марди 36-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб, бо роҳи тамаъҷӯӣ 35 ҳазор сомонӣ талаб намуда, дар вақти гирифтани 10 ҳазор сомонӣ дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

qonun011

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика