Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳолатҳои тасарруфи қувваи барқ дар баъзе дуконҳои нонпазӣ ошкор карда шуд

Ҳарчанд гузоришҳои таҳлилии аз ҷониби кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намуда, вобаста ба истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва пешгирӣ намудани ҳодисаҳои сӯхтор мунтазам аз тариқи воситаҳои ахбори омма пахш шаванд ҳам, то ҳол нафароне ёфт мешаванд, ки дидаю дониста ба масрафшавии қувваи барқ роҳ дода, ба буҷаи давлат зарари калони моддӣ мерасонанд. 

Зимни доир намудани чорабиниҳои мақсаднок аз тарафи кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД муайян гашт, ки дар ҳаммоми хусусӣ, воқеъ дар кӯчаи Испечак 2-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, мансуб ба соҳибкор Аҳлиддин Ғафуров, истифодаи ғайриқонунӣ ва масрафшавии барзиёди нерӯи барқ ҷой дорад.
Ҳаммоми мазкур зиёда аз ду моҳ мешавад, ки бе ҳуҷҷатҳои дахлдор фаъолият намуда, маблағи ҳаққи қувваи барқро пардохт накардааст. Аммо, соҳибкор аз таҷҳизоти гармидиҳандаи барқӣ барои гарм кардани ҳаммом фаровон истифода менамояд.
Илова бар ин, талаботи бехатарӣ аз сӯхтор низ дар ҳаммом риоя намешаванд. Чунончи кабелу ноқилҳои барқӣ дар ҳолати хавфи сар задани сӯхтор қарор доранд.
Ба ҳамин монанд ҳолати тасарруфи қувваи барқ дар дукони самбусапазии соҳибкор Саиднуриддин Почоев, воқеъ дар кӯчаи Гагарин 2-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ошкор карда шуд. Соҳибкори мазкур аз спиралҳои баландшиддати барқӣ дар танури самбусапазӣ муддати чанд вақти охир истифода менамудааст. Ба замми ин, ӯ ягон ҳуҷҷатҳои дахлдор низ надошта ва маблағи ҳаққи истифодаи қувваи барқро пардохт намекардааст. Бинобар ин, аз тарафи гурӯҳи корӣ қувваи барқ дар дукони мазкур қатъ карда шуда, спиралҳои баландшиддати худсохт бартараф карда шуданд.
Ҳолатҳои дигари нигаронкунанда он аст, ки бархе аз соҳибкорон бо тарзу усулҳои нав, аз ҳар гуна асбобҳои техникӣ ҳамчун таҷҳизоти спиралӣ истифода менамоянд, ки шиддатнокии онҳо хеле баланд буда, масрафи барқ дар онҳо зиёд мебошад.
Чунин як ҳолати дигар дар дукони нонпазӣ, воқеъ дар ошёнаи якуми бинои ҶСШК “Континент- Инвест” маъмул бо номи Маркази савдои “Садбарг”, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 10-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, мансуб ба соҳибкор Толибов Рамазон, ошкор карда шуд. Мавсуф барои омода намудани маҳсулоти нонӣ аз спиралҳои худсохти баландшиддати барқӣ дар танурҳои нонпазӣ васеъ истифода менамуд. Чунин ҳолат дар баробари масрафшавии зиёди нерӯи барқ, эҳтимолияти ҳар лаҳза дар ноқилҳои барқӣ рух додани ҳодисаҳои сӯхторро ба амал меорад. Пайвасти ноқилҳои барқӣ низ дар баъзе қитъаҳо хилофи қоидаҳои амалкунанда васл карда шудаанд.
Вобаста ба ҳолатҳои ҷойдошта, нисбати соҳибони ин дуконҳо маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, фаъолияти дуконҳояшон муваққатан боздошта шуданд. Ҳамчунин қувваи барқ низ дар ин дуконҳо хомӯш карда шуд. Ҷиҳати пешгирии истифодаи беҳудаву барзиёд ва ғайримақсадноки қувваи барқ гуруҳҳои кории мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолияти худро ба роҳ мондаанд.

Шуҳрат Тағоймуродзода
СХДО ВКД ҶТ




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика