Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муайян гардидани ҳолатҳои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав бо ариза марди 46-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сабои ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 19-уми декабри соли 2020, тахминан соати 19:30-дақиқа, шахси номаълум дар назди роҳи автомобилгарди деҳаашон аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо писари ноболиғи 17-солааш ҷангу ҷанҷол карда, бо корди кисагӣ (финка) 1 маротиба ба шикамаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 16-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сабои ноҳияи мазкур бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Ҳамзамон зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 62-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 220 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (нашри соли 1961) суд шудааст, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 20-уми декабри соли 2020, тахминан соати 16:45-дақиқа, ба ҷойи кори марди 66-солаи сокини пойтахт муҳофизатчии таваққуфгоҳ ворид гардида, дар ҳолати мастӣ аз сабаби муноқишаи ба миён омада, дашномҳои қабеҳ гуфта, бо корди ошхонагӣ 1-маротиба ба қафаси синааш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар бе-морхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

qonun011

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика