Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти судманд бо донишҷӯён

1249

1250Ҳафтаи сипаришуда дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён вохӯрии кормандони Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ сардори ШОПҲНҶ РВКД дар вилояти Хатлон, полковники милитсия, Обидзода Юсуф доир ба нақши ҷавонони фаъол дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо изҳори андеша намуд.
Дар мулоқот оид ба пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, ҳолатҳои даст ба қонунвайронкуниву ҷиноят задани онҳо ва муноқишаҳои байни ҷавонон, ҳурмати калонсолон, сари вақт ба дарсҳо ҳозир гардидан ва муносибати эҳтиромона бо ҳамсабақон мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ректори Донишкада Исозода Диловаршо иброз дошт, ки бо шарофати Истиқлолияти давлат имрӯз беҳтарин шароитҳои таҳсилу зиндагӣ фароҳам оварда шудааст.
Танҳо чавонони моро зарур аст, ки аз имкониятхо истифода бурда, соҳиби касбу кори гуногун шаванд ва барои кишвару мардуми ин сарзамин хизмат намоянд, зеро тамоми дастовардҳои милливу давлатӣ дар заминаи тарбияи насли имрӯзи миллат метавонанд, дастёб гарданд.
Инчунин аз омӯзгорон даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон саҳмгузор бошанд.
Дар фарҷоми чамъомади зикргардида кормандони милитсия барои ҳамкорӣ ва саҳми арзанда гузоштан дар таълиму тарбияи ҷавонон ба устодон ва ректори Донишкадаи мазкур Исозода Диловаршо изҳори сипос карданд.

1251

Чанд нафар донишҷӯёну устодони ин даргоҳ ба сухан баромада, ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ барои чунин мулоқоти судманд миннатдории xeшpo изҳор изҳор намуданд.
Офоқ Қодириён




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика