Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Озмуни «Китобхони беҳтарин» дар СХДО ВКД ҷамъбаст гардид

682

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Парламент баробари таҳлили ҳаматарафаи вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвар, раҳнамоиҳои дурандешона дар бобати муаммоҳои ҷойдошта ва тадбирҳо дар роҳи ҳалли онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Ҳамчунин Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии кишвар дар масъалаи китобхонӣ ва тарғиби наврасону ҷавонон ба омӯзиши илму дониш дастур доданд. Ба сохтору идораҳо низ супориш дода шуд, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ чопи китобҳои бадеиро зиёд карда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ монанд. Талошҳои Пешвои миллат дар ин самт ба он мақсад аст, ки шаҳрвандон, хосса наврасону ҷавонон на танҳо кӣ будани аҷдодони худро донанд, ҳамчунин осори гаронарзиши гузаштагон ва фарҳанги қадимаи миллати тоҷикро барои ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонанд. Ин амалҳо замоне имконпазир мегардад, ки ҳамаи мардум рӯ ба омӯзиш ва мутолиаи китоб оранд. Ҳатто аз ҷониби Сарвари давлат ба Ҳукумати кишвар супориш дода шуд, ки барои боло бардоштани маънавиёти шаҳрвандон, сатҳи худшиносӣ ва омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон» аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа карда шавад. 

Вобаста ба ин, тибқи талаботи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо супориши сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД дар бинои СХДО ВКД гӯшаи махсуси китобхонӣ бо теъдоди наздик ба 1000 адад китобҳои мухталифи бадеию илмӣ ташкил карда шудааст. Дастрасии озодона ба асрҳои гуногуни пурарзиши адибони гузаштаву муосир барои кормандони Дастгоҳи марказии Сарраёсат боиси хушнудӣ гардида, имконияти хуби дар вақтҳои холӣ мутолиа намудани китоб, барои ҳар як корманд ҷузъи муҳими оддати ҳаррӯза гардидааст.
Бояд қайд кард, ки дар баробари ин, ҳар як корманди хадамот тибқи рӯйхати тасдиқ гардида, дар давоми сол бояд на камтар аз 5 адад китобро пурра мутолиа ва ҳифз намояд. Мавриди зикр аст, ки ҳамингуна гӯшаҳои махсуси китобхонӣ, бо супориши сардори Сарраёсат, дар тамоми ҷузъу томҳои СХДО ВКД ташкил карда шудааст ва кормандони соҳа аз он озодона истифода менамоянд. Мусаллам аст, ки назокати сухан, тарзи баёни фикр, тафаккури инфиродии ҳар як шахс ба дониши андӯхтаи ӯ вобастагӣ дорад. Ганҷинаи асосии дониш китоб аст ва инсоният аз давраҳои қадим тавассути китоб илмҳои гуногунро омӯхта, асарҳои пурарзиш офаридааст.
Бинобар ин, ба хотири ҷалби бештари кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ба китобхонӣ аз ҷониби роҳбарияти СХДО ВКД сабқатҳои гуногуни зеҳнӣ пайваста роҳандозӣ карда мешавад. Дар ин замина, санаи 27-уми ноябри соли 2020 дар Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД даври ниҳоии озмуни «Китобхони беҳтарин» доир гардид. Сардори Сараёсат полковники хизмати дохилӣ Бахтиёр Умарзода чорабинии фарҳангиро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла таъкид кард, ки озмуни мазкур идомаи мантиқии тадбирҳо дар роҳи ривоҷ додани китобдорию китобхонӣ дар мамлакат мебошад. Ҳамчунин мавсуф иброз дошт, ки даври аввали озмуни «Китобхони беҳтарин» дар байни тамоми кормандони ҷузъу томҳои СХДО ВКД баргузор гардид, ки аз ин миён 26 нафар ба даври ниҳоии он роҳхат ёфта, имрӯз байни ҳам рақобат хоҳанд кард.
Қобил ба тазаккур аст, ки соли ҷорӣ дар саросари мамлакат тадбирҳо ҷиҳати роҳандозиву густариши фарҳанги китобдориву китобхонӣ ривоҷ ёфта, дар ин раванд чунин озмуну маҳфилҳои илмӣ баргузор гардида истодаанд. Ҳолдонҳо бар он ақидаанд, ки ин раванд тавонист шумораи дӯстдорони каломи бадеъро дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз пеш афзоиш дода, ба ҳамин восита китоб ба хонандаи худ расонида шуд.
Аз ҷумла, кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва ҷузъу томҳои он барои иштирок дар ин сабқат давоми чанд муддат омодагии ҳамаҷониба дида, бо дурдонаҳои адабиёти классику муосир боз ҳам бештар ошно гаштанд.
Бинобар ин, барои муайян намудани ғолибони озмун аз ҷониби роҳбарияти СХДО ВКД Комиссияи махсус таъсис дода шуд, ки сатҳи дониши довталабони зеҳнӣ ҳамаҷониба ба инобат гирифта шуда, ҳар як иштирокчӣ холисона ва сазовор баҳогузорӣ карда шавад.
Мавзӯи китобдорию китобхониро ҳамчунин дар тадбири мазкур аҳли фарҳанги мамлакат, ки бо намоиши адабӣ иштироокчии озмун буданд, матраҳ намуданд. Ҳунармандони Театри ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоиши театрикунонидашударо роҷеъ ба қадру манзалати китоб пешниҳоди иштирокчиён намуданд.
Пас аз сабқати зеҳнӣ аз ҷониби Комиссияи махсус таъсисгардида муайян карда шуд, ки ҷойи аввалро нозир-тарҷумони Шуъбаи нозиротӣ-ташкилии СХДО ВКД, капитани хизмати дохилӣ Ғуломов Идибек Шамсуллоевич, ҷойи дуюмро сардори басти навбатдории қисми мустақили 41-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Восеъ, лейтенанти калони хизмати дохилӣ Раҳимзода Сайфулло ва ҷойи сеюмро ёрдамчии калони Хадамоти навбатдории оташнишонии ШХДО минтақаи Кӯлоб, майори хизмати дохилӣ Мирзода Маҳмадалӣ Карим ишғол намуданд.
Дар интиҳои чорабинӣ ба ғолибони озмуни «Китобхони беҳтарин» ва иштирокчиёни фаъоли он аз ҷониби роҳбарияти Сарраёсат Сипосномаву Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Воқеан ҳам, бузургони сухан дар ҳар давру замон китобро сарчашмаи хушбахтию хушрӯзиҳо қаламдод намудаанд. Касе ба китоб дилбасту ба он меҳру муҳаббат пайдо кард, албатта ба зиндагӣ нигоҳи дигар хоҳад дошт. Яъне, дар дунёи худ олами дигаре орост. Албатта, эҳсосоти аз мутолиаи китоб дарёфтаро ба чанд ҷумла наметавон тавзеҳ дод. Агар касе ба қадри китоб бирасад, пас ба қадри нон, ки муқаддастарин неъмати дунёст, расида метавонад. Нобиғагони илму фарҳанг маҳз аз хондани шабонарӯзии китоб ба пояҳои баланди шуҳрату бузургӣ расидаанд. Хирадманде фармудааст: «Китоб бузургтарин муъҷизае аз муъҷизаҳои олам аст, ки инсоният дар роҳи бахту тавоноии худ офаридааст». Китоби асил даст ба дасти наслҳо аз аср ба аср гузашта, аҳамият ва қимати худро дар маҷрои бисёр давру замонҳо гум намекунад ва омили қавии инкишофи илму санъати ҷаҳонӣ мегардад. Тоҷикон аз азал китобро басе азизу муқаддас ва муътабар медонистанд. Ононе, ки саводи китобхонӣ доштанд, барои дарёфти китоби хуб ҳама даромадашонро сарф менамуданд. Ҳадс мезананд, ки Абӯалӣ ибни Сино дар китобхонӣ дар дунё назир надоштааст. Вай дар як шаб панҷоҳ саҳифа китоб мехондаасту панҷоҳ саҳифаи дигар асари илмӣ менавиштааст.

683684

Тавре мебинем, гузаштагон барои мо суханҳои пурҳикмат, илмҳои гуногунро дар шакли китоб ба ёдгор гузоштаанд, то мо аз онҳо истифода намоем, баҳра гирем, таърихи миллати хешро омӯзем, то ҳисси худшиносии миллии мо бедор гардад ва ҳимояи ватану миллати хешро дар мадди аввал гузорем. Ба ин васила, ба насли ояндаи худ чизе боқӣ гузорем, ки ба нафъи миллату Ватан бошад. Пас агар мо миллату Ватани худро аз ҳама беш дӯст дорем, бояд китоб хонем, илм омӯзем, ихтироъкору эҷодкор бошем. Хондани китоб нури чашмро меафзояд, ғаму андуҳро аз дил мебарад, моро ба роҳи рост, ба сӯи ояндаи дурахшон роҳнамоӣ мекунад. Дар бораи зарурату аҳамияти китоб шояд аз Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дида, дигар касе шеъри беҳтаре нагуфта бошад:

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.
Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,
Сад роҳате асту ҳаргиз озоре нест.
Пас, биёед, ҳамагон рӯ ба китоб оварем, то роҳат бубинем.
Кароматулло Абдуллоев, СХДО ВКД ҶТ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика