Бо ташаббуси роҳбарияти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28-уми ноябри соли 2020, бо мақсади таъмин намудани кормандони Дастгоҳи марказӣ ва ҳайати шахсии ҷузъу томҳои СХДО ВКД бо маҳсулоти ниёзи аввал, дар ҳудуди Сарраёсат ярмарка-фурӯши маҳсулоти озӯқаворӣ ташкил гардид.
Дар ярмарка молу маҳсулоти гуногун, аз қабили орд, макарон, биринҷ, пиёзу картошка, сабзӣ, нахуд ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи мардум аз хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ ва ноҳияҳои тобеи марказ, дар муқоиса бо нархи бозор то 20%-25% арзон, дастраси кормандони Дастгоҳи марказию ҳайати шахсии ҷузъу томҳои СХДО ВКД ва сокинони гирду атрофи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гардонида шуд.
Харидорон барои ташкили чунин ярмарка ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ изҳори минатдорӣ намуда, аз ин иқдоми пешгирифтаи онҳо хеле хушҳол гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки ҳадафи асосии ташкили ярмарка ин омодагии кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ба зимистонгузаронӣ мебошад.
Кароматулло Абдуллоев, СХДО ВКД ҶТ
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>