Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи дастурдиҳӣ дар самти хизмат

1233

Имрӯз (27.11.с.2020) дар Раёсати ВКД дар вилояти Суғд тибқи Нақша-чорабиниҳои Шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Раёсати мазкур бо мақсади беҳбуд бахшидан ба самти хизмат ва сифатнокии фаъолияти нозирони минтақавии милитсия ҷаласаи дастурӣ доир гардид. Дар ҷаласа роҳбарият ва ҳайати шахсии ШҲТҶ Раёсат, хадамотҳои минтақавии он ва муовинони сардори шуъбаҳои ВКД аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.

1234

Чорабиниро муовини якуми сардори Раёсати мазкур генерал-майори милитсия Шафизода Рустам Исмоил ифтитоҳ намуда, баргузории онро барои натиҷагирию баҳодиҳӣ, назорату дастурдиҳӣ ва такмили маҳорату малакаи масъулини самти хизмат муфид хонд. Таъкид гардид, ки самти хизмат, аз ҷумла фаъолияти нозирони минтақавӣ симои милитсияро дар ҷомеа таҷассум менамояд. Ҳар як корманди соҳаи мазкурро зарур аст дар иҷрои вазифаи хизматӣ пурмасъул, барои саривақт баррасии арзу муроҷиати шаҳрвандон чораандешӣ намуда, дар минтақаи маъмурӣ кирдорҳои зидиҳуқуқиро пешгирӣ ва ҷиҳати ошкорсозии ҷиноятҳои содиршуда саҳми худро гузорад.
Дар идома сардори шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Раёсат полковники милитсия Абдуназарзода Абдурафи Абдурақиб вобаста ба бурду бохти фаъолияти шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар самти хизмат дар давраи 10 моҳи соли ҷорӣ маъруза намуд. Натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии ШҲТҶ Раёсат ва хадамотҳои поёнии он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар самтҳои пешгирӣ ва ошкорнамоии ҷиноятҳо, дастгир намудани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта, коргузории маъмурӣ, корбарӣ бо ашхоси дар қайд буда, алалхусус шахсони пешсудшуда ва қаблан ҷиноятсодирнамуда ба самъи ҳозирин расонида шуд.
Баъдан муовинони сардор оид ба хизмат ва шахсони масъули дар фаъолияташон камбудӣ ҷой дошта баромад намуда, сабабу омилҳои ҷой доштани камбудиҳоро шарҳ доданд ва барои рафъи он дастур гирифтанд.

12351236

Ҳамчунин вобаста ба мушкилоти хизматии дар амалия рӯ ба рӯ шаванда муҳокимаронӣ сурат гирифт. Баҳри сифатнокии фаъолият ва ҷоннок кардани самти хизмат таклифу пешниҳодҳои иштирокчиён шунида шуд.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика