Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ҳаёти осоишта

1230

Рӯзи 24-уми ноябри соли 2020 дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо қароргоҳ дар ноҳияи Данғара, маросими бо тантана ҷашн гирифтани «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия Муҳаммад Саъдӣ Абдураҳмон ва сардори кафедраи забонҳои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, полковники милитсия Давлатшоева Азиза ва дигар меҳмонони расмӣ иштирок доштанд.
Директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон”, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, полковники милитсия Ҳайдарзода Ш.Ҳ. чорабинии идонаро бахшида ба «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшида, меҳмононро хайра мақдам гуфт.
Ҳайдарзода Ш.Ҳ. зимни суханронии худ, шогирдону меҳмононро ба муносибати «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» табрик гуфта, ба онҳо дар бораи Парчами давлатӣ ва мавқеъи он маъулмот дод.
Дар идомаи чорабинӣ меҳмонон доир ба таърихи қабули Парчами давлатӣ ва қадру маназалати он баромад намуданд.
Инчунин муаллими калони кафедраи фанҳои бехатарӣ аз сӯхтори Коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ, лейтенанти калони хизмати дохилӣ Сафарзода Хуршед дар мавзӯи «Марҳилаҳои ташаккулёбии Парчами давлатӣ» суханронӣ карда, ҳозиринро аз таърихи тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик то давраи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 24 ноябри соли 1992, яъне рӯзи қабули Парчами давлатӣ бархӯрдор кард.
Дар идомаи чорабинӣ аз тарафи муаллими калони кафедраи фанҳои муҳандисӣ-техникии Коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ, майори хизмати дохилӣ Тураева Ҳусноро дар мавзӯи “Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ҳаёти осоишта” ва инчунин курсанти курси 1-уми Коллеҷ, қатории хизмати дохилӣ Олимҷони Маҳмадӣ дар мавзӯи “Парчамат бодо парафшон” баромад карданд.
Ҳамчунин аз ҷониби курсантони Коллеҷ, қаториҳои хизмати дохилӣ Файзуллозода Орзӯ, Атозода Рамшед, Суҳроби Худойназар, Раҳимов Муҳаммад, Ҳалимов Сафармуҳаммад дар васфи «Рӯзи Парчами давлатӣ», якчанд порчаҳои шеърӣ қироат гардид.
Дар рафти чорабинӣ курсантони курси 3-юм Атозода Рамшед, Асоев Хушрӯз, Хушов Хайём, Раҳимов Фарҳод, Ҳалимов Оқил ва Абдукаримзода Билол саҳначаи ҳаҷвиро барои болида гардонидани табъи меҳмонон ва ҳозирин пешкаши ҳозирин гардониданд.
Фозилова Шаҳноза, и.в. сардори кафедраи фанҳои дақиқ ва забонҳои МДТ “Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон”, лейтенанти калони хизмати дохилӣ,
Сафарзода Хуршед, и.в. сардори кафедраи фанҳои бехатарӣ аз сӯхтори Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД, лейтенанти калони хизмати дохилӣ.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика