Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати пиёдагард ва мусофир дар ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ

Рӯзи 26-уми ноябри соли 2020, тахминан соатҳои 10:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “КАМАЗ-ХОВА”, Бобоев Навруз Бобоевич,соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Ҳисор, дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода, дар ҳудуди деҳаи Шарифободи ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми ба қафо ҳаракат намудан аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, бо қисми қафои чархи автомашина, пиёдагард Пиров Нарзиқул Остонқулович, соли таваллудаш 1961, сокини ноҳияи Шаҳринавро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Пиров Н.О. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 25-уми ноябри соли 2020, тахминан соатҳои 14:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Бадиев Парвин Мирзонаҷибович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар километри 1-уми роҳи Бӯстон-Палдораки ҳамин ноҳия, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Лада-Приора», таҳти идораи ронанда Охунов Исломҷон Муҳиддинович, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи мазкур, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи тамғаи «Лада-Приора», Умарова Маҳбибӣ Сайфиддиновна, соли таваллудаш 1959 ва Умарова Насиба Сайфиддиновна, соли таваллудаш 1968, сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд ва Умарова М.С. дар беморхона аз ҷароҳатҳои бардоштааш ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика