Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омаданд, заданд, бурданд – ҳамлаи се ғоратгар ба нуқтаи таъмини сӯзишворӣ

1226

Нуқтаи фурӯши сӯзишвории «Газойл», воқеъ дар кӯчаи Фатҳулло Ахмедови ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмони ноҳияи Б.Ғафуров мавриди ҳамлаи ғоратгарон қарор гирифт. Санаи 20-уми октябр, тахминан соати 04:45-дақиқа, омаданд, заданд, бурданд, нишондод додааст хазиначии нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ Абдусамад Ҷураев.
Ғоратгарон, ки се нафар буданд ба нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ворид гашта, хазиначиро мавриди лату кӯби шадид қарор дода, ошкоро пули хазина 1800 сомониро тасарруф кардаанд.
Дар доираи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯи гурӯҳи сафарбашудаи оперативӣ аз ҳисоби кормандони ШКҶ Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо гузашти як ҳафта аз рӯзи ҳодиса изи афроди дар ҷиноят гумонбарро пайдо намуданд. Шаҳрвандон Маъруфов Аҳмад Маъруфович, соли таваллудаш 1996, Саидов Мустақим Саидаҳмадович, соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандагони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Мирзоев Самандар Рамазонович, соли таваллудаш 1996, сокини ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ дар ҷинояти мазкур ба ҳайси гумонбаршуда, дастгир карда шуданд.
Ба маълумоти тафтишоти пешакӣ дастгиршудаҳо дар ҷодаи ҷинояткорӣ навкор набуда Аҳмад Маъруфов соли ҷорӣ барои дуздӣ суд шудааст. Ҳаммаслакони ӯ Мустақим Саидов ва Самандар Мирзоев дар Федератсияи Россия бо ҷурми роҳзанӣ ва ғоратгарӣ суд шудаанд. Ҳадафи ба даст овардани пули муфт ва аз ин ҳисоб машғул шудан ба айшу ишрат ва сайругашт онҳоро ба вилояти Суғд овардааст. Ва гумон доштанд, ки нақшаашонро амалӣ сохта, амалу рафтори ғайриқонуниро идома медиҳанд.
Ғоратгарӣ дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории «Газойл» қадами аввалини онҳо буд, ҳарчанд ба мақсад расиданд, аммо ҷинояти содирнамуда озодию осоиштагии онҳоро барҳамзад.

122712281229

Гумонбаршудаҳо ҳар кадоме вазифаи худро иҷро намудааст. Назоратчӣ, ҳамлагар ва ғораткунанда се вазифаест, ки онҳо байни ҳам тақсим кардаанд. Маблағи тасарруфшуда низ ҳамингуна се тақсим шудааст.
Нисбати иттифоқи сегона тибқи талаботи қисми 2 моддаи 248 Кодекси ҷиноятӣ (ғоратгарӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Меъёри моддаи мазкур ҷазои ҳабсиро аз 5 то 10 сол пешбинӣ намудааст.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика