Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти сӯиқасди ғоратгарӣ муайян ва дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 24-уми ноябри соли 2020, тахминан соати 18:00, дар идораи букмекерии «Рахш», воқеъ дар кӯчаи А.Шукӯҳии шаҳри Хуҷанд қарор дошта, ошкоро бо истифодаи зӯроварӣ хазинадорони идораи мазкур: марди 32-солаи сокини ноҳияи Айнӣ ва зани 29-солаи сокини шаҳри Хуҷандро таҳдид намуда, аз хазинаи идораи мазкур 2 ҳазору 690 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 32 қисми 3 ва 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>