Рӯзи 25-уми ноябр дар Вазорати корҳои дохилӣ ҷамъомад ҷиҳати таъсис додани гурӯҳи корӣ дар назди ВКД вобаста ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июли соли 2020 таҳти №431 «Дар бораи Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024» баргузор гардид.
Дар оғози ҷамъомади мазкур сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД полковники милитсия Мансур Бухоризода дар мавзӯи «Пешниҳоди мутахассис баҳри амалӣ намудани «Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024» баромад намуда, иброз дошт, ки дар асоси банди 1, таъсиси гурӯҳи кории байниидоравӣ ба уҳдаи ВКД вогузор карда шудааст.
Аз ин рӯ, тасмим гирифта шудааст, ки барои амалӣ гардидани барномаи мазкур гурӯҳи кориро аз ҳисоби намояндагони Вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, молия, фарҳанг, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Прокуратураи генералӣ, Суди Олӣ, Кумитаҳои ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
Ҳадаф аз татбиқ намудани талаботи барномаи мазкур ба меъёру стандартҳои байналмилалӣ, мутобиқ намудани қонунгузорӣ ва фаъолияти амалии субъектҳои дахлдор дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғон мебошад.
Тавре зикр карда шуд, ин барнома равиши мусбати таъмини кумак, амният ва захираҳоро барои ноболиғон ҷиҳати пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкунӣ фаро мегирад.
Тоҷиддин Латипов,
Абдулло Шоҳиён,
Дилшод Холов
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>