Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суғд: Семинар машварат дар самти фаъолияти амалияи маъмурӣ

1179

Рӯзи 20-уми ноябр бо ташаббуси Шуъбаи таҳқиқи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ҷиҳати таъмини дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ баҳри такмили сифатнокии коргузории маъмурӣ дар мавзӯъҳои «Тартиби ягонаи фаъолияти амалияи маъмурӣ дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Беҳтар намудани сифати санҷиши маводҳои пешбурдӣ суръатнок ва таҳқиқи пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ» семинар – машварат баргузор гардид. Чорабинии таълимӣ бо иштироки муовини сардори Раёсат полковники милитсия Шарифзода Хушвахт Саид, роҳбарият ва ҳайати шахсии шуъбаи таҳқиқ, кормандони масъули ҳисоботдиҳандаи амалияи маъмурии шуъбаву хадамотҳои дастгоҳи марказии Раёсат, таҳқиқотчиён ва намояндагон аз ШҲТҶ, ШБДА, ХШБ, ШОПҲНҶ, ШКҶ ва ШМЗГҒММ шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва дигар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар минтақа, ки фаъолияти хизматии онҳо ба пешгирӣ ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ алоқамандӣ дорад, дар маҷлисгоҳи Раёсат баргузор гардид. 

1180

Чорабиниро муовини сардори Раёсат полковники милитсия Шарифзода Хушвахт Саид ифтитоҳ намуда, ҳадаф ва моҳияти онро шарҳ дод. Зикр гардид, ки низоми фаъолияти маъмурӣ омили таъсиррасонандаи пешгирии ҷинояткорӣ буда, бар замми ин аз ҳисоби ин самти коргузорӣ ба буҷаи давлат маблағҳои назаррас ворид карда мешавад. Аз ин лиҳоз сифатнокии тартиби барасмиятдарории ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ошкоргардида ва дуруст ба роҳ мондани фаъолият метавонад дар натиҷабахшии самти амалияи маъмурӣ таъсир гузорад.
Ба кормандони амалии мақомот фармону дастурамалҳои танзимкунандаи фаъолияти амалияи маъмурӣ, тартиб додани маводҳои маъмурӣ дар самти қоидаҳои ҳаракати роҳ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, раванди ҳуҷҷатгузорӣ, муҳлати баррасӣ ва аз рӯи тобеият ирсол намудани протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, масъалаҳои вазъи ҳуқуқии ҷабрдида ҳамчун иштирокчии ҳуқуқи мурофиавии маъмурӣ ва дигар муқаррароти санадҳои ҳуқуқиро фаҳмониданд.
Чор маърӯза вобаста ба барномаи семинар - машварат аз ҷониби сардорони Шуъбаи таҳқиқ полковники милитсия Орифзода С.Н., таҳқиқотчии калони Шуъбаи таҳқиқи Раёсат ВКД дар вилояти Суғд, подполковники милитсия Неъматов Н.Р., таҳқиқотчии Шуъбаи таҳқиқи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, майори милитсия Толибзода М.Т., таҳқиқотчии калони Шуъбаи таҳқиқи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд подполковники милитсия, Марифхонов И.Ҳ., ба самъи ҳозирин расонида шуд.

11811182

Ҷараёни семинар – машварат имкон дод, то ин ки кормандони мақомот мушкилоти дар амалия рӯ ба рӯ шавандаро баррасӣ ва маълумоти заруриро дастрас намуда дониши назариявии худро мустаҳкам намоянд. Бояд тазаккур дод, ки фаъолияти амалияи маъмурӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ яке аз самтҳои афзалиятноке маҳсуб меёбад, ки имконияти бештари коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ то андозае ба ин самти фаъолият вобастагӣ дорад.

Акбар Шарифӣ, майори милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика