Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани ду ҳолати дуздӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 26-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 11-уми апрели соли 2020, тахминан соати 03:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи тамғаи “Хундай”, ки дар назди бинои истиқоматиаш беназорат меистод, 39-адад таҷҳизоти фишорсанҷиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 62 ҳазору 400-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 56 ва 39-солаи сокинони шаҳрҳои Душанбею Ҳисор, ки қаблан ҳардуи онҳо бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Чумҳурии Тоҷикистон суд шудаанд бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Инчунин ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ мактуби роҳбарияти ҶДММ “Моҳир Семент”-и ноҳияи Ҷ.Балхӣ ворид гардидааст, ки санаи 22-юми сентябри соли 2020, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз қаламрави корхонаи мазкур силки (кабел)-и тамғаи ТПП 100х2х0,4 250-метрро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 28 ҳазору 750-сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳелаварди ноҳияи мазкур, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва ҷавонони 21, 23-солаи сокинони ҳамин ноҳия ки бо моддаҳои 244 қисми 2 ва 141 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаанд, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика