Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани садамаҳои нақлиётии марговар дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ

Рӯзи 22-юми сентябри соли 2020, тахминан соатҳои 13:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс-310 CDI», Халифаев Зафар Холмуродович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ҳангоми харакат бо кӯчаи Айнӣ аз тарафи кӯчаи А.Дониши пойтахт ба самти кӯчаи Зебуниссо, аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, дар назди бинои истикоматии №62 пиёдагарди хурдсол, Абдуллоев Абдулло Ҳамзаалиевич, соли таваллудаш 2013, хонандаи синфи 1, сокини пойтахтро пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Абдуллоев А.Ҳ. ҷароҳатхои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона баъд аз 2-соат ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, санаи 22-юми сентябри соли 2020, тахминан соатҳои 00:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Киа К-5», Подшоев Беҳрӯз Асрорович, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти маркази шаҳри Ваҳдат ба тарафи ҷамоати деҳоти К.Исмоилов, дар ҳудуди деҳаи Қалъаи-Малики шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идора намудани автомашина набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Хова», таҳти идораи ронанда, Ватанов Суҳбатулло Асоевич, соли таваллудаш 1982, сокини ҷамоати деҳоти К.Исмоилови шаҳри Ваҳдат бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Киа К-5», Подшоев Б.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин тариқ, санаи 21-уми сентябри соли 2020, тахминан соатҳои 17:10-дақиқа, ноболиғ Ш.И., соли таваллудаш 2007, сокини ҷамоати деҳоти К.Исмоилов, бе ҳуҷҷати ронандагӣ автомашинаи тамғаи «Тайота-Фледер»-ро, ки ба амакаш Шамсов Алишер Қурбоналиевич тааллуқ дорад, гирифта, ҳангоми ҳаракат кардан дар деҳаи мазкур аз уҳдаи идора намудани автомашина набаромада, духтари амакаш, хурдсол Шамсова Оишамо Далеровна, соли таваллудаш 2018-ро пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Шамсова О.Д. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Ҳамзамон дар таърихи 22-юми сентябри соли 2020, тахминан соатҳои 10:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Шарифов Сайдакбар Музаффарович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Ш.Шоҳин, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ноҳияи Восеъ ба самти ноҳияи Ш.Шоҳин дар назди деҳаи Навбаҳори ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол, Сафаров Самиаллоҳ, соли таваллудаш 2014, сокини ҷамоати деҳоти Тугаракро пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Сафаров С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Мутаассифона, рӯзи 22-юми сентябри соли 2020, тахминан соатҳои 20:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЭУ-ТИКО”, Нурматов Исломҷон Рустамович, соли таваллудаш 1985, сокини ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода дар назди деҳаи Дӯстии ҷамоати деҳоти Т.Туйчиев аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди шахсияташ номаълум, ҷинсаш зан, тахминан 30-35-соларо пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ронандаи автомашинаи мазкур, Нурматов И.Р. дастгир гардида, барои муайян намудани шахсияти зан чорабиниҳо идома доранд.
Ҳамин тариқ, рӯзи 20-уми сентябри соли 2020, тахминан соатҳои 19:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай Старекс», Давлатов Доваршо Акрамҷонович, соли таваллудаш 1990, сокини ҷамоати деҳоти Рованди ноҳияи Ванҷ, ҳангоми ҳаракат намудан дар километри 90-уми ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба ҷарии тахминан 150 метр чаппа намудааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашина Шарифов Қурбон Ҷафарович, соли таваллудаш 2003, сокини ҷамоати деҳоти Рованди ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири дигари ин автомашина Ашмавили Юнус, соли таваллудаш 2003 ва ронандаи автомашинаи мазкур Давлатов Д.А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Рӯзи 22-юми сентябри соли 2020, тахминан соатҳои 22:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Старекс», Қушоқов Хушбахт Холмирзоевич, соли таваллудаш 1968, сокини ҷамоати деҳоти Ҷавкандаки шаҳри Истаравшан, аз уҳдаи идора намудани автомашина набаромада, дар назди манзили истиқоматиаш набераи ноболиғаш, Қушоқов Амир Давлатназарович, соли таваллудаш 2015-ро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Қушоқов А.Д. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика