Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санҷишҳои мақсаднок дар интернет-кафеҳои шаҳри Хуҷанд

1070

Бо мақсади иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ошкор намудани ҳуқуқвайронкунӣ дар самти оворагардию шабгардии ноболиғону ҷавонон, ҳамчунин дар вақти дарсӣ ва дар бевақтии шаб ба марказҳои бозиҳои компютерӣ рафтани онҳо дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи ВКД кормандони РОПҲНҶ дар якҷоягӣ бо кормандони ШОПҲНҶ РВКД дар вилояти Суғд санҷишҳои пешгирикунандаро дар марказҳои интернетӣ ва нуқтаҳои бозиҳои компютерии шаҳри Хуҷанд доир намуданд.

10711072

Санҷиши навбатӣ собит кард, ки то ҳанӯз аз беназоратии падару модар наврасону ҷавонон дар вақти дарс ва дар бевақтии шаб дар чунин марказҳо, ба бозиҳои зараровар ва хусусияти зуроваридошта машғул мегарданд. Дар натиҷаи санҷиши мақсаднок ошкор гардид, ки дар 7 нуқтаҳои бозиҳои компютерӣ ва 4 марказҳои интернетӣ дар баробари ҷавонон 5 нафар ноболиғ низ машғули чунин бозиҳои зараровар мебошанд. Вобаста ба ҳолати ҷойдошта бо дастрасии моддаи 90-и КҲМ ҶТ нисбати волидайни ноболиғон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Ҷавонону ноболиғон асосан дар чунин марказҳо ба бозии зараровари Контр-страйк, ки дар он қатлу куштор ва ҷаҳолату разолат таблиғ мегардад, машғул буданд.
Кормандони милитсия бо 132 нафар ҷавонон, ки дар ин марказҳои компютерӣ бо бозӣ машғул буданд корҳои фаҳмондадиҳӣ-профилактикӣ доир намуда, оқибатҳои зараровари чунин бозиҳои хусусияти ваҳшонияту зуроваридоштаро фаҳмониданд.
Мавриди қайд аст, ки қоидаҳои санитариву гигиенӣ дар аксари марказҳои интернетӣ ва нуқтаҳои бозиҳои компютерӣ риоя нагардида, талаботҳои ҷойдошта оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавируси нави СОВИД-19 роҳандозӣ нагардидаанд.
Нисбати соҳибони марказҳои интернетӣ ва нуқтаҳои бозиҳои компютерӣ барои вайрон намудани талаботи дар иҷозатнома зикргардида, яъне ба ноболиғон иҷозат додан ба бозиҳои компютерӣ ва риоя накардани дигар талаботҳои қонунгузорӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.
Абдулло Шоҳиён




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика