Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани якчанд ҷинояти дуздӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 45-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки шаби 19-уми сентябри соли 2020, тахминан соатҳои 03:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад телевизори тамғаи “Самсунг”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Б.Ғафуров, ки пеш бо моддаи 162 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ бо ариза марди 53-солаи сокини ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 20 ба 21-уми августи соли 2020, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагии деҳқонии “Толиб” 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 24-солаи сокини ҷамоати Деҳқонободи ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Ҳамзамон дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 56-солаи сокини ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 20-уми сентябри соли 2020, тахминан соатҳои 24:00, аз назди қитъаи заминҳои корами ҷамоати деҳоти Истиқлол, 1-сар чорвои калони шохдорро, ки ба марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Калинини ноҳияи Ҷ.Балхӣ тааллуқ дорад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 6 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика