Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани дучархарон ва ноболиғ дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ

Рӯзи 19-уми сентябри соли 2020, тахминан соатҳои 09:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Саидов Воҳид Қурбоназарович, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Панҷ ба самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ, дар шоҳроҳи Душанбе-Бохтар-Дустӣ-Панҷи-Поён, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада дучархарон Маҳмадиев Фирӯз Шамсуддинович, соли таваллудаш 1998, сокини ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи Ҷайҳунро пахш намудааст.
Дар натиҷа, дучархарон Маҳмадиев Ф.Ш. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Мутаассифона, санаи 19-уми сентябри соли 2020, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Ахмедов Абдуназар Қаюмович, соли таваллудаш 1982, сокини ҷамоати деҳоти Кулқанди ноҳияи Исфара, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Гулистони ҷамоати деҳоти мазкур бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди ноболиғ, Шокиров Диловарҷон Дилшодович, соли таваллудаш 2008, сокини ҷамоати деҳоти Кулқандро, ки аз тарафи чап ба тарафи рости роҳ мегузашт, пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Шокиров Д.Д. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика