Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвият ёфтани ҳамкории ҷавонон бо мақомоти корҳои дохилӣ

1058

Санаи 14-уми сентябри соли 2020, дар саҳни Шуъбаи Вазорати корҳои корҳои дохилӣ дар ноҳияи А.Ҷомӣ вохӯрии сардори Шуъбаи мазкур полковники милитсия Боймаҳмадзода Музаффар Қурбон бо ҷавонони фаъоли ноҳия баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ Боймаҳмадзода М.Қ. таъкид намуд, ки ҷавонон бояд сабақи ватандӯстиву худшиносиро дар пайравӣ ба хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи воқеан ҳам демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ҳифзи содиқонаи арзишҳои миллӣ, сулҳу субот ва Истиқлолияти давлатӣ мавриди омӯзиш қарор дода, барои ҳимояи хоки муқаддаси аҷдодӣ тамоми неру ва дониши худро сарф намоянд.
Мавсуф ҳамчунин ҷавононро ба риоя намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, даст назадан ба қонуншиканиву ҷинояткорӣ, омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуда, зикр кард, ки ҷавонон ояндаи давлату миллат буда, бояд дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намоянд.
Ҷавонон низ дар навбати худ иброз доштанд, ки ҳамчун фарзандони бо нангу номус ба Ватан содиқона хизмат менамоянд.

106010591061

Дар хотима аз ҷониби сардори ШВКД дар ноҳияи А.Ҷомӣ полковники милитсия Боймаҳмадзода М.Қ. ба ҳамаи ҷавонони дар вохӯрӣ иштирок дошта, барои ҳамкории судманд бо мақомоти корҳои дохилӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Гул Маҳбуба




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика