Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бузургии миллат, шинохти худ ва ифтихор аз он

1056

Оне, ки надонад насабу нусбати ҳолаш
Огоҳ набувад, ҳеҷ кас аз ҳолу фуъолаш.
Инсон бояд аз худ бехабар намонад.Ҷамъият бояд ҳамеша аз ҳоли худ огоҳ бошад. Худшиносӣ аз шартҳои асосии зиндагии одамвор аст. Агар одам барин зиндагӣ кардан хоҳем, бояд лаҳзае аз худҷӯиву худтарсӣ намонем, бояд ҳамеша худогоҳиро такмил диҳем. Ин гап чӣ маънӣ дорад? Ба таври одӣ гӯем, маънии ин гап ҳамин аст, ки инсон агар аз гирду атрофи худ, аз дунё огаҳ набошад, дар зиндагӣ коре аз дасташ нахоҳад омад. Дониста пой мондан лозим аст, то ки дар роҳи зиндагӣ қадам задан натиҷа дошта бошад. Як ҷузъи ҳамин донистакорӣ шинохтани худ аст.

Бо ин суханҳо ман ҳамчун насли ҷавони ин миллати озода – тоҷик тасмим гирифтам аз бузургии ин миллат (тоҷик) наслҳои имрӯзаашро, ки меросхӯру меросбар ҳастем ошно бисозем.
Дар ин мақола кӯшиш ба харҷ додам, то ки доир ба вожаи “тоҷик”, бузургии ин халқ “тоҷик”, ба таври мухтасар гуфта гузарем, то ин ки наслаш бифахраду биболад ва бо ифтихор бигӯяд, ки:
Ифтихори ман тоҷик аст, тоҷдор аст, тоҷик аст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки имрӯзҳо ҳар яки мо бояд худшиносии миллиамонро чунон боло бардошта, пеш аз ҳама бидонем, ки мо кистем, ифтихор аз кадом қавму миллат буданамонро бикунем, тафохур аз тоҷик буданамон дошта бошем, фарқияти худро аз дигарон бидонем.
Инсон вақте, ки ифтихор аз нажод, миллат, таърих ва фарҳангу забон худ дорад худшиносиаш боло рафта, бори дигар бузургии ӯро ба олмиён муррифӣ менамояд. Бояд гуфт, ки миллатдустӣ, ватанпарастӣ ва худшиносӣ дар вуҷуди инсон ҳамон вақт пайдо мешавад, ки бо аслу насаби худ ифтихор бикунад ва худро бишносад.
Миллати тоҷик ҳамчун як қавми ориёӣ, яке аз халқҳои қадимтарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ин халқ таърихи бисёрҳазорсоларо дорост, ки он аз саҳифаҳои дурахшони қаҳрамонию мардонагӣ ва таназзулу фоҷиаҳо саршор мебошад.
Тазаккур бояд дод, ки мо тоҷикон мардуми асилзодаву пок ва наҷибем, халқи таҳҷоӣ ва асосии ин марзу бум (Осиёи Марказӣ) мебошем.
Мо наслҳои меросбаранда бояд аз гузаштаи худ ифтихор дошта бошем ва аз тоҷик будани худ биболем, ки муаррихон, донишмандони бузург олимони гуногуни дунё дар давраҳои гуногуни таърих перомуни ин вожа “тоҷик” (озода зода) тадқиқотҳо гузаронида, натиҷаҳои назаррасе ба даст оварда аз бузургӣ, соҳибмаърифатӣ ва таърихи бою рангини ин қавм “тоҷик” хабар додаанд, аз ҷумла:
Маҷаллаи “Шӯро”, ки бо забони туркӣ дар шаҳри Оренбург интишор ёфтааст дар №12-и соли 1915 навишта шудааст: “Тоҷикон яке аз қавмҳои қадимтарини Осиё буда, маълум аст, ки садҳо сол қабл аз милоди Масеҳ нахустин бор бо номи “тоҷик” ва ғайра ном бурда шудаанд. Инчунин тоҷикон мисли арабҳо аз қавми сомӣ нестанд, балки мансаб ба қавмҳои ориёӣ ва эрониёни асилтаринанд.
Тоҷикон таърихи хеле куҳан доранд, онҳо нахустин шуда ба инсоният тамаддуни воло, адолат, некӣ, забони муоширати ягона ва донишу хирадмандӣ омӯхтаанд. Николай Владимирович Ханыков
Дохтори илми таърих, Профессор, Академики АИ ҶТ Юсуфшоҳи Яқубшоҳ чунин қайд кардааст: “Яке аз хусусиятҳои хосси мардуми ориёӣ ва шоҳони он тоҷи сари онҳо мебошад. Тоҷгузорӣ аз Каюмарс ба иборае аввалин одами башар ва шоҳи ориёӣ шурӯъ гардид, нахуст инсони ориёӣ ба сар тоҷ гузошт ва ҳама варисони ӯ (тоҷикон) ин анъанаро давом дода, худро тоҷдор номиданд. Тоҷикон дорои фарҳанги бой мебошанд, аз фарҳанги бойи худ мефахриданд ва ному нажоди худро мувофиқи суннати ориёӣ аз турку тозӣ мӯътабар, воло ва пок медонистанд. Ин яке аз сабабҳои пайдо шудани номи нави этникии ориёиён – “тоҷик” буд.
“Халқи бо нангу номус, шарафманду пурифтихор ва номдор, донишманду соҳибкитоб (Авасто), соҳиби нахуст таърих ва тамаддуни бой (Ориёӣ), меросбари империяи бузург (Ҳахоманишиҳо), соҳибдавлату (Тоҳириён, Саффориён, Сомониён) соҳибмақом, тарбияткунандаи фарзандони донишманд (Сино, Розӣ, Фирдавсӣ, Рӯдакӣ, С.Айнӣ ва ғайра), дорандаи родмардони далеру шуҷоъ, қаҳрамону ҷонфидо, ки саҳифаҳои таърихиаш ҷилобахшу нурафшон ва вирди забон, шӯҳраташ дар ҷаҳон Тоҷик аст”. (А.А.)
Фахрдорам, аз замин то осмонам тоҷикам,
Қисмати ман ин Ватан, бо ҷисму ҷонам тоҷикам.
Зиндагию ормонам қавлу аҳди тоҷикӣ,
Бас ҳаме бо тору пуду хону монам тоҷикам.
                                                                          Ниҳонӣ
Форсҳо (тоҷикон) нахустин халқи таърихӣ ба шумор мераванд. Онҳо инкишофро ба вуҷуд оварданд, табаддулот карданд, ки хусусияти таърихӣ дошт. Дар (сарзамини) Форс бори нахуст нур афканданд, равшанӣ доданд, ин нур ба олами маърифат тааллуқ дорад. Г.В.Ф.Гегел
Дар саросари дунё халқи тоҷикро бо таъриху фарҳанги ғанӣ ва ҷасурию мардонагиаш мешиносанд. Ҳатто, халқи тоҷик бо ин таърихи пур аз сирру асрор, нотарсӣ ва шуҷоаташ диққати олимони зиёди ҷаҳонро ба худ ҷалб карда буд, ки ин муҳаққиқон (В.В.Бартолд, М.С.Андрейев, А.А.Семёнов) дар асарҳои худ халқи тоҷикро чунин ситоиш додаанд:“Халқи тоҷик яке аз халқиятҳои (бумӣ) қадимии Осиёи Миёна буда, онҳо соҳиби таъриху тамаддуни бой мебошанд, напиндоред, ки ин афсонаест ё сафсатаест, чунон дон, ки тоҷик дар роҳи нангу номус ба ҳар чӣ хоҳад қодир аст”.
«Барои мо ҷойи ифтихор аст, ки тоҷикон аз ҷумлаи халқҳое мебошанд, ки дар офариниши тамаддуни башарӣ саҳми арзандаву босазо доранд. Тоҷикон дар тӯли таърихи куҳанбунёди худ фарҳанги баланд ва тамаддуни моддиву маънавии ҷовидона ба вуҷуд овардаанд, ки ҷаҳониён онро эътироф ва истифода мекунанд». (Эмомалӣ Раҳмон).
Шинохти худ барои ҳар яки мо насли поку наҷиб (ориёӣ) боиси сарфарозию сарбаландист, ки дар саросари дунё моро бо ин мафҳум “тоҷик” муаррифӣ менамоянд.
Ин Ватан аз баҳри ман шаъну шараф бахшидааст,
Бо ҳама номусу нангу ормонам тоҷикам.
                                                                                     Ниҳонӣ
1057







 

Абдуллоев Асомиддин Асҳобиддинович,

магистранти соли дуюми факултаи таърихи ДМТ. 




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика