Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омӯзиши шабонаи хусусиятҳои хоси бозорҳои пойтахт аз тарафи оташнишонон

1053

Дар асоси талаботи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ҷузъу томҳои он ба ташкил ва гузаронидани омӯзиши шабонаи хусусиятҳои хоси бозору марказҳои калони савдои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ диққати махсус зоҳир намуда, ҷиҳати таҳкими вазъи бехатарӣ аз сӯхтор дар онҳо чораю тадбирҳои иловагии зиддисӯхториро роҳандозӣ менамоянд. Дар робита ба ин, тибқи ҷадвали аз тарафи сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники хизмати дохилӣ Бахтиёр Умарзода тасдиқ карда шуда, бо мақсади таҳкими вазъи бехатарӣ аз сӯхтор бо роҳбарии муовинони сардори СХДО ВКД полковникҳои хизмати дохилӣ Маҳбуб Маҳмудзода ва Холзода Хол Барот аз тарафи мутахассисони Шуъбаи хизмат ва омодагии Сарраёсат бо ҳайати шахсии бастҳои навбатдори қисмҳои оташнишонии Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе дар Ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуди «Бозори Корвон», «Корвон плюс», «Корвон сити», Корхонаҳои воҳиди давлатии «Бозори Саховат», «Бозори Деҳқон», Марказҳои савдои «Панҷшер,», «Ганҷина», «Меҳргон», «Фаровон Д», «Автокалонаи 2729» ва «Ховарон»-и пойтахт, бо ҷалби роҳбарону масъулон ва муҳофизону дастаҳои идоравии оташнишонии иншооти мазкур, омӯзиши шабона дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуданд.
Ҳангоми омӯзишҳои шабона ҳамаи масъалаҳо оид ба ташкил ва бо мувафаққият хомӯш намудани сӯхтор дар шароити ба воқеият наздик мукаммалу такмил дода шуданд. Мавриди зикр аст, ки барои муваффақ шудан ба сатҳи баланди тайёрии муҳорибавии ҳайати роҳбарикунанда ва шахсии Хадамоти давлатии оташнишонӣ, аз ҷумла дуруст ва самаранок сафарбар намудани қувваву воситаҳо ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврии тактикӣ-оташнишонӣ ҷиҳати дар як вақт пешгирӣ намудани роҳҳои паҳншавии оташ ва наҷоти молу мулки тоҷирону савдогарон, инчунин рафъи базуддию пурраи сӯхтор дар ҷойи ҳодиса, мунтазам гузаронидани чунин омӯзишҳо яке аз воситаҳои муҳимтарини ноил шудан ба натиҷаҳои дилхоҳ ба ҳисоб меравад.

10541055

Дар ҷамъбасти чорабиниҳои муҳими зиддисӯхтории гузаронида шуда, аз ҷониби роҳбарияти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарону масъулони бозору марказҳои савдои номбаршуда ва ҳамаи иштирокчиёни омӯзишҳои шабона барои ҳолати хуби омодабошӣ ва иштироки фаъолонаашон изҳорӣ миннатдорӣ карда шуд. Ҳамчунин ҷиҳати боз ҳам хубтар ба роҳ мондани ҳолати бехатарӣ аз сӯхтор ва тақвият бахшидани робитаҳои мутақобилан судманд дар пешгирии ҳамагуна ҳодисаҳои фавқулодда ба онҳо таклифу пешниҳодҳои муфид дода шуданд ва барои минбаъд ҳам содиқона ба халқу ватан хизмат намудан барояшон музаффариятҳои беназирро таманно намуданд.
Кор дар ин самт аз тарафи мутахассисони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ҷузъу томҳои он дар бозору марказҳои калони савдои дигари шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ идома доранд.
Кароматулло Абдуллоев, СХДО ВКД ҶТ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика