Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии судманд бо ҷавонони фаъоли ноҳияи Рӯдакӣ

1049

Рӯзи 14-уми сентябри соли 2020, вохӯрии сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ полковники милитсия Маҳмадҷонзода Сайдаҳмад бо ҷавонони фаъоли ноҳияи мазкур баргузор гардид.

Маҳмадҷонзода Сайдаҳмад зимни баромади худ қайд намуд, ки ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти сокинони кишвар, риояи қонуният ва мустаҳкам намудани тартиботи ҳуқуқӣ бе иштироки шаҳрвандон ғайриимкон аст. Такя намудан ба кумаки шаҳрвандон яке аз шартҳои муҳим ва самараноки мақомоти хифзи ҳуқуқ ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ ба ҳисоб меравад.
Бо назардошти таҷрибаи беҳтарину пешқадам ва дар доираи ислоҳоти милитсия Вазорати корҳои дохилӣ низ ин иқдомро пеша карда, дар якҷоягӣ бо ҷавонони фаъоли кишвар ва бо аҳли ҷамоатчигӣ суботу оромии ҷамъиятро таъмин менамояд.
Ҳамзамон сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ полковники милитсия Маҳмадҷонзода Сайдаҳмад қайд намуд, ки саҳми ҷавонони кишвар дар пешбурди ҳаёти сиёсӣ, илмию фарҳангӣ ва мадании кишвар назаррас буда, онҳо бо донишу ҳунари худ имрӯз мавқеи намоёнро сазовор гардидаанд.
Дар рафти ин чорабинӣ ҷавонон низ суханронӣ карда, қайд намуданд, ки барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ҳамавақт омода буда, бахри тинҷиву оромии кишвар пайваста дар бари кормандони милитсия мебошанд.

105010511052

Дар хотимаи вохӯрӣ ҷавонони фаъол ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ пешниҳодҳои судманд баён намуданд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия

 




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика