Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғарқ шудани се нафар дар натиҷаи беэҳтиётӣ

14-уми сентябри соли 2020, ба ШВКД дар ноҳияи Мастчоҳ, шаҳрванд Боймуллоева Моҳира Илёсовна, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ, бо ариза муроҷиат намуд, ки фарзанди ноболиғаш Боймуллоев Абдулло Дилшодович, соли таваллудаш 2010, хонандаи синфи 4-уми МТМУ-1 шаҳраки Бӯстон, тахминан соати 12:30-дақиқа, аз хонаи истиқоматиашон баромада, бедарак ғайб задааст.

Дар натиҷаи амалӣ намудани чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ маълум гардид, ки номбурда ҳангоми оббозӣ кардан дар канали “Мошини Янтоқ-1”, дар ҳудуди шаҳраки Бӯстон аз беэҳтиётиаш ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст, ки ҷасади ӯ дарёфт карда шуд.
Ҳангоми азназаргузаронии ҷасад аломатҳои марги маҷбурӣ мушоҳида карда нашуд. Мувофиқи маълумотномаи пешакии эксперти судӣ-тиббӣ сабаби марги ноболиғи мазкур «асфексияи механикӣ дар натиҷаи бӯғиш дар об» мебошад.
Дар натиҷаи гузаронидани ҳаракатҳои тафтишотӣ-азназаргузаронӣ либосҳои ноболиғ Боймуллоев А.Д. дар соҳили канали “Мошини Янтоқ-1” дарёфт гардиданд.
Инчунин ҳамон рӯз, тахминан соати 10:30-дақиқа, шаҳрванд Нодиров Суҳроб Темурович, соли таваллудаш 1974, истиқоматкунандаи ҷамоати шаҳраки Москваи ноҳияи М.Ҳамадонӣ, ҳангоми оббозӣ кардан дар канали обгузар, воқеъ дар кӯчаи М.Миршакари ҷамоати шаҳраки Москва ва шаҳрванд Каримов Аъзамбек Давлатович, соли таваллудаш 1990, сокини ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи А.Ҷомӣ, ҳангоми оббозӣ кардан дар канали обгузари деҳаашон аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика