Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани ду бародар дар натиҷаи бархурди «Мерседес-Бенс» бо автомашинаи боркаш

Рӯзи 8-уми сентябри соли 2020, тахминан соати 23:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс С-240», Тошев Парвиз Ҷамшедович, соли таваллудаш 1995, сокини ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи А.Ҷомӣ ҳангоми аз шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат кардан, дар назди меҳмонхонаи «Бохтариён»-и шаҳри Бохтар аз уҳдаи идора кардани автомашина набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада ба автомашинаи боркаши тамғаи «Хино», ки ба шаҳрванд Абдулмуҳиди Абдухалил, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки аз шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Бохтар ҳаракат мекард, бархурдааст.
Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Гурезов Меҳроҷ Музафарович, соли таваллудаш 1993 ва Гурезов Афзалшо Музафарович, соли таваллудаш 1997, сокинони ҷамоати деҳоти Ифтихори шаҳри мазкур дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасанд, мусофири дигари автомашинаи мазкур Қосимов Қурбонали Эмомович, соли таваллудаш 1989, сокини ҳамон ҷо ва худи ронанда Тошев П.Д. ба саломатиашон ҷароҳатҳои вазинини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ мегарданд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика