Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвияти ҳамкории РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ронандагони ширкати мусофиркашонӣ

1019

Имрӯз (09.09.с.2020), бо иштироки сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Ҳафиззода Шодӣ Хуршед ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҷалб ва баланд бардоштани нақши аҳолӣ дар фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо ронандагони воситаҳои нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашонии шаҳри Душанбе вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур, ки дар рӯзи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ рост омад, сараввал сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли ҷамъомадагонро бо 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, вобаста ба арзишҳои маънавӣ ва дастовардҳои замони соҳибихтиёрӣ маърӯза намуд. Дар маърӯза аз хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот ва мустаҳкамии Истиқлолияти давлатӣ ёдоварӣ карда шуд.

102010211022

Аз аҳли нишаст даъват ба амал оварда шуд, ки бо шукргузорӣ намудан ба неъматҳои давраи соҳибихтиёрӣ дар масъалаи корҳои созандигиву ободонӣ ва таъмини тартибот бетараф набошанд. Ҳангоми ба даст овардани маълумот вобаста ба вайрон гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шахрванд, дучор гардидан бо ҳолатҳои ҷинояткорӣ, хусусан терроризму экстремизм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва дигар намуди ҳуқуқвайронкунӣ саривақт ба мақомоти корҳои дохилӣ тавассути телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ 221-21-21 ва телефони мадад 19-19 хабар диҳанд.
1023Дар ин замина, ба самъи ҷамъомадагон талаботи қонунгузории ҷиноятӣ вобаста ба оқибатҳои ҳуқуқии хабар надодан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи ҷинояти маълуми тайёршудаистода, содиршуда ва ё шахси ҷинояткор расонида шуд.
Дар рафти вохӯрӣ як қатор ронандагон барои софдилона иҷро намудани қарзӣ шаҳрвандӣ, ҳамкорӣ ва саривақт хабар додан ба мақомоти корҳои дохилӣ вобаста ба ҳолатҳои ҷинояткорӣ аз ҷониби роҳбарияти Раёсат бо сипоснома ва телефонҳои мобилӣ ҳавасманд гардонида шуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ байни роҳбарияти Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ вобаста ба тақвияти ҳамкорӣ суҳбати озод доир гардид.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика