Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

1015

Имрӯз (09.09.с.2020), дар майдончаи сафороии РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт бо иштироки роҳбарияти Раёсати мазкур бахшида ба таҷлили рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ доир гардид.

1016

Дар оғози чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт майори милитсия Сулаймонзода Нурулло Раҳматулло, ҳайати шахсии Раёсатро аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин рӯзи таърихию фаромӯшнашаванда табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи онҳо хонаи обод ва хушбахтиҳои зиндагиро таманно намуд.
Зикр гардид, ки
Истиклолият неъмати бебаҳо ва нодире ҳаст, ки бо заҳмату талош ва кӯшишу ҷоннисориҳои мардуми саодатманд ва сарбаланди кишварии азизамон бо Сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

10171018

Ҳамин тариқ, дар ҷараёни чорабинӣ Сулаймонзода Н.Р. як қатор кормандони Раёсатро, ки дар фаъолияти оперативӣ - хизматӣ ба натичаҳои баланди хизматӣ ноил гардида буданд, аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медалу Ифтихорнома ва Сипосномаҳо сарфароз гардонид.
Гул Маҳбуба




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика