Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани ронандаи мототсикл дар натиҷаи бархурд бо автомашинаи «Опел-Астра»

Рӯзи 7-уми сентябри соли 2020, тахминан соати 20:10-дақиқа ронандаи мототсикли тамғаи «Урал», Темиров Абдуғаффор Абдуқодирович, соли таваллудаш 1972, сокини ҷамоати деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент ҳангоми ҳаракат кардан дар шоҳроҳи Айнӣ-Панҷакент дар км-100-ум ба муқобили харакати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», ки таҳти идораи ронанда, Мавҷудов Соҳибҷон Шаҳриёрович, соли таваллудаш 1989, сокини ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри мазкур бархӯрдааст. 

Дар натиҷа Темиров А.А ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст. Мусофири мототсикли мазкур, Ҳасанов Рӯзибой Нодирович, соли таваллудаш 1994, сокини ҷамоати деҳоти Саразми ҳамин шаҳр ҷарохати ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаи ш. Панҷакент бистарӣ гардидааст.
Аз руи ин ҳодиса таҳқиқот

 




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика