Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқлолияти давлатӣ - асоси зиндагии осудаву осоиштаи мардум

249

Дар маҷлисгоҳи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД санаи 8-уми сентябр ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки роҳбарияти Сарраёсат ва ҳайати кормандони Дастгоҳи марказӣ чорабинии тантанавии идона доир гардид.

Сардори СХДО ВКД полковники хизмати дохилӣ Бахтиёр Умарзода иштирокчиёни чорабинӣ ва тамоми кормандони соҳаро ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният намуда, аз давраҳои ба даст овардани ин ганҷи бебаҳо - яъне Истиқлолияти давлатӣ ёдоварӣ намуд. Мавсуф аз ҷумла иброз дошт, ки маҳз Истиқлолияти давлатӣ, сулҳи пойдор ва Ваҳдати миллӣ асоси зиндагии осудаву осоиштаи мардуми мо ва рушди устувори кишвари соҳибистиқлоламон мебошад ва ҳар яки мо бояд дар ҳифзу ҳимояи Истиқлолияти давлатӣ, тинҷиву амонӣ ва обдониву созандагии кишвари азизу маҳбубамон саҳмгузор бошем...
Дар идомаи чорабинӣ аз тарафи муовини сардори Шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии СХДО ВКД майори хизмати дохилӣ Раҳимзода Баҳриддин ба муносибати ҷашни «Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ» як қатор фармонҳои ҳавасмандгардонӣ ироа карда шуданд. Аз ҷумла, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини аввали сардори СХДО полковники хизмати дохилӣ Назарзода Худойқул Бурӣ ва муовини сардори СХДО подполковники хизмати дохилӣ Маҳмудзода Маҳбуб Маҳмуд барои хизматҳои шоён ва садоқат ба Ватан бо медали «Ҷасорат» ва сардори Шуъбаи нозиротӣ-ташкилии СХДО майори хизмати дохилӣ Ҳалимҷонӣ Акмал бо «Ифтихорнома» сафароз гардонида шуданд.

250

Бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳизода Рамазон Ҳамро ба муносибати ҷашни «Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ» ва барои ноил гаштан ба натиҷаҳои баланди хизматӣ баҳри эмин нигоҳ доштани молу амволи давлатӣ аз сӯхтор, пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои он дар иншооти хоҷагии халқ, манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ бо медали «Барои саҳми арзанда дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» сардори Шуъбачаи бехатарии нақлиёти ШНДБС СХДО ВКД майори хизмати дохилӣ Раҳимов Носирхуҷа Нематович, бо медали «Барои садоқат», муовини роҳбари Хадамоти навбатдори оташнишонӣ подполковники хизмати дохилӣ Сангов Давлатмурод Абдукаримович ва бо нишони сарисинагии «Аълочии милитсия» командири шуъбачаи басти навбатдории қисми 11-уми таълимии Маркази таълимии СХДО ВКД старшинаи хизмати дохилӣ Олимов Сайдалихуҷа Қурбонхуҷаевич сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин бо Фармони сардори СХДО бо медали ҷашнии «Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» нозири калони ШТ ШНДБС СХДО ВКД майори хизмати дохилӣ Каримзода Музаффар Сафархоҷа ва старшинаи хизмати дохилӣ Равшанова Дилором Маҳмаисоевна, бо нишони сарисинагии «Аълочии хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳандиси калони Шуъбаи хизмат ва омодагии СХДО ВКД подполковники хизмати дохилӣ Шарифзода Шариф Мирсаид, муаллими қисми таълимии Маркази таълимии СХДО ВКД капитани хизмати дохилӣ Абдаков Асадулло Ҷунайдуллоевич, нозир-навбатдори Шуъбачаи комендантии СХДО ВКД капитани хизмати дохилӣ Одинаев Бахтиёр Нуралиевич, муҳандис-барномасози Шуъбаи алоқаи СХДО ВКД лейтенанти калони хизмати дохилӣ Зайдуллозода Муртазои Неъматулло бо «Сипоснома» сармутахассиси Шуъбаи меъёрҳои талаботҳои бехатарии СХДО ВКД подполковники хизмати дохилӣ Валӣ Комилҷон Қобил сарфароз гардонида шуданд.

251

Воқеан ҳам онҳое, ки ба Ватану миллат содиқона хизмат мекунанд, ҳама вақт аз ҷониби давлату Ҳукумат сазовор қадрдонӣ карда мешаванд ва мардуми кишвар ба онҳо итминон доранд.
Кароматулло Абдуллоев




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика